Зане дар Душанбе аз марди 62-сола бо таҳдиди бадномкунӣ пул ситонидааст

© Sputnik Женщина плачет, архивное фото
Женщина плачет, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.02.2021
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон боз дар бораи як далели дигари тамаъҷӯӣ ва "шантаж" хабар медиҳад
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik.Тибқи иттилои маркази матбуоти ВКД ҷумҳурӣ, як зани 43-солаи пойтахт дар тамаъҷӯӣ гумонбар дониста мешавад.
Девушка в наручниках, фото из архива - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2021
Зан мардро "шантаж" мекард: пули калон диҳӣ маълумотҳои бадномкунандаро паҳн намекунам
Ба иттилои манбаъ, ба шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як марди 62-солаи маҳаллӣ дар бораи тамаъҷӯии зан муроҷиат кардааст.
Ин мард гуфтааст, ки зани 43-сола бо мақсади тамаъҷӯӣ бо таҳдиди бадном кардан дар чор ҳолат аз ӯ 6,9 ҳазор сомонӣ гирифтааст.
Аз рӯи ин далел тафтишот идома дорад, хабар медиҳад мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.
Ин ниҳод дар гузашта низ дар баробари мардон занонеро низ боздошт карда буд, ки даст ба тамаъҷӯӣ мезаданд.
Пул надиҳӣ ба хешонат мерасонаму дар интернет паҳн мекунам: боздошти маъшуқи тамаъҷӯ
Чунин ҳолатҳо асосан пас аз робитаҳои маҳрамона сурат мегирад, ки бо роҳи "шантаж" ҷониби дигар пул кор кардан мехоҳад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала