Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Ҷаҳиши нархи гази моеъ дар Тоҷикистон

CC BY 2.0 / Lav Ulv / BS94930 (18.07.03, Motorvej 501, Viby J)Грузовик с газом, архивное фото
Грузовик с газом, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.02.2021
Аз нимаи моҳи феврал арзиши гази моеъ дар Тоҷикистон боло рафта, имрӯз афзоиш 14% -ро ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 25 фев - Sputnik. Дар Тоҷикистон рӯзҳои охир гази моеъ тақрибан 14% қимат шудааст.
Дар оғози соли 2021 нархи гази моеъ барои як литр 4 сомонӣ буд.
Работа АЗС в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.01.2021
Нархи газ ва бензину дизел дар Тоҷикистон якбора то 10% гарон шуд
Аммо аз нимаи моҳи феврал сар карда арзиши он боло рафт ва имрӯз барои як литр ба 4,55 сомонӣ расидааст.
Дар ҳамин ҳол, сарфи назар аз болоравии нархҳо, дар ҷумҳурӣ камбуди гази моеъ вуҷуд надорад.
Соли гузашта арзиши гази моеъ дар Тоҷикистон дар моҳи июл якбора боло рафта, ҷаҳиши нарх 65% -ро ташкил дод.
Он замон гази моеъ аз 2,5 сомонӣ то 3,8-4 сомонӣ барои як литр боло рафт.
Тибқи маълумоти хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, соли гузашта ба ҷумҳурӣ зиёда аз 420,5 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шудааст. Ба ҳисоби миёна, арзиши ҳар як тонна ба 422 доллар баробар буд.
Дар моҳи октябри соли равон мақомоти Қазоқистон содироти гази моеъ бо роҳи автомобилгардро ба муддати се сол манъ карданд.
Аммо, ин ба бозори Тоҷикистон таъсир накард, зеро воридоти гази моеъ ба ҷумҳурӣ аз хориҷ танҳо тавассути роҳи оҳан сурат мегирад.
Ба Тоҷикистон таъсире надорад: шарҳи мақомот аз мамнӯъ шудани содироти гази Қазоқистон
Он замон ноиби президенти Иттиҳоди мустақили сӯзишворӣ Дмитрий Гусев қайд кард, ки дар зимистон бояд ҷаҳиши ночизе ба амал ояд, зеро талаботи истеъмолкунандагон дар давраи хунукӣ хеле зиёд мешавад.
Бояд гуфт, ки гази моеъро дар Тоҷикистон тақрибан 60% ронандагон ҳамчун навъи асосии сӯзишворӣ истифода мебаранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала