Пиразани 77 - сола аз Русия мехоҳад ситораи TikTok шавад - навор

Екатерина Горбунева, ки сокини шаҳри Ейскаи Русия мебошад, ситораи интернет шуд. Наворҳои ӯ аз ҷониби 1,5 миллион корбар бозбинӣ шудааст
Ҳарчанд синну соли ин зан ба 77 расидааст, аммо қалбаш мисли ҷавонон ёш аст. Ӯ дар қатори ҷавонон, наворҳои шухро сабт карда, дар TikTok паҳн мекунад. Наворҳои ӯ ба корбарон писанд омада, акнун нафақахӯр ҳамчун як блогери комилҳуқуқ ҳисобида мешавад.
Блогери солхӯрда ҳудуди 500 ҳазор ҳамванд дорад ва ҳоло ҳам бар он мекӯшад, ки сафи ҳамвандонашро ҳар чӣ бештар афзун кунад.
Ҳоло пиразани 77 - сола нақша дорад, ки TikTok House кушояд.
Муфассалтар аз навори омоданамуда тамошо кунед.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала