Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Эстакадаи сесатҳа ҳам кӯмак накард: мардум роҳро ҳамоно ғайриқонунӣ убур мекунанд - навор

© © Sputnik / Амир ИсаевНовая эстакада в Душанбе
Новая эстакада в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.02.2021
Раёсати Вазорати умури дохила дар шаҳри Душанбе мегӯяд, новобаста аз роҳҳои сеқабата мардум ҳамоно ба ғайриқонунӣ убур кардани роҳ даст мезананд
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Кормандони БДА РВУД дар шаҳри Душанбе аз он изҳори нигаронӣ намудаанд, ки мардум новобаста ба рейду амалиёти санҷишӣ, ҳамоно  ба нақзи қонуни ҳаракат дар роҳ даст мезананд.
Аз ҷониби кормандони ин ниҳод чанде пеш рейди навбатӣ созмон дода шуд, ки дар ҷараёни он чандин пиёдагардону ронандаҳо барои ғайриқонунӣ убур намудани роҳ огоҳӣ гирифтанд.
Гуфта мешавад, ронандагону шаҳрвандони зиёд ҳамоно зимни истифодабарӣ ва ҳаракат дар ҳудуди роҳҳои сесатҳа-эстакадаҳои пойтахт бар хилофи талаботи қоидаи ҳаракат дар роҳ амал намуда, даст ба қоидавайронкунӣ мезананд.
Дети играют на компьютеров в центре компьютерных игр в городе Худжанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2020
Рейдҳои шабона: ВКД гуфт донишомӯзони кадом мактабҳои Хуҷанд оворагардӣ мекунанд
"Аз ҷумла, шаҳрвандону бархе аз ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятию хусусӣ дар ҷойи номуқараргардидаи эстакадаҳо ба фаровардану савор намудани мусофирон машғул мешаванд", - таъкид мешавад дар хабар.
Зимнан, кормандони БДА мегӯянд, баъзе аз шаҳрвандон махсусан сокинони биноҳои атрофи эстакадаҳо ва донишҷӯён аз гузаргоҳҳои зеризаминӣ истифода накарда, ҳолати хатарноку садамавиро ба вуҷуд меоранд.
Гузашта аз ин, ҷойҳои сабзкоришуда ва гулу буттаҳои ороишӣ низ аз беаҳамияти пиёдагардон хароб мешаванд. Вебгоҳи РВУД дар шаҳри Душанбе қонуншикании пиёдагардонро ба навор гирифтааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала