Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

“Соли тоҷикии СПАД”: 4 машқи муштарак, ҷаласаҳои низомиву сиёсӣ ва бозсозии марз

© © Пресс-центр Россия сегодняНачальник Объединенного штаба Организации Договора о коллективной безопасности генерал-полковник Анатолий Сидоров
Начальник Объединенного штаба Организации Договора о коллективной безопасности генерал-полковник Анатолий Сидоров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.02.2021
Сардори Ситоди Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (ОДКБ) гуфт, соли равон дар Тоҷикистон муҳимтарин чорабиниҳои ин созмон баргузор хоҳанд шуд
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Анатолий Сидоров, ки дар як видеоконфронс суҳбат мекард, дар посух ба суоли хабарнигори Sputnik Тоҷикистон гуфт, соли 2021 таваҷҷӯҳи вежае ба Тоҷикистон мешавад, зеро ин кишвар раёсати созмони СПАД-ро бар ӯҳда гирифтааст ва раисҷумҳури Тоҷикистон раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии созмон аст.
Начальник Объединенного штаба ОДКБ генерал-полковник Анатолий Сидоров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.02.2021
Нигарониҳои СААД аз ҳузури ҳазорон ҷангҷӯ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон
“Эҳтимолан ин нукта низ аҳамияти қобили таваҷҷуҳ низ хоҳад дошт, ки чорабиниҳои аслии органҳои созмони мо дар қаламрави Тоҷикистон баргузор мешавад ва дар поёни сол ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ дар назар аст, ки дабирони Шӯрои амният, вазирони дифоъ, корҳои хориҷӣ ва сарони кишварҳои моро гирдиҳам меоварад ва натоиҷи солро ҷамъбандӣ карда, вазоифи марбут ба сол 2022-ро равшан мекунад”, - гуфт Анатолий Сидоров.
Сардори Ситоди СПАД гуфт, бо дар назар гирифтани раёсати Тоҷикистон ва авлавиятҳое, ки раисҷумҳури Тоҷикистон ба ҳама сарони кишварҳо ироа кард, як барномаи корӣ барои соли 2021 танзиму мушаххас шуда, ҳафтаи гузашта дабири кулли созмон Станислав Зас дар Душанбе ин тарҳро бо раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ тасвиб кард.
“Нуктаи дигар ин аст, ки кор идома дорад ва иқдомот барои иҷрои тарҳи тавсеа ва таҷдиди манотиқи марзии Тоҷикистон бо Афғонистон дар ҳоли анҷом аст, ки дар он каму беш мушорикати ҳама кишварҳои узви созмон барномарезӣ шудааст”, - гуфт Анатолий Сидоров.
Сардори Ситоди СПАД афзуд, бар асоси тарҳи размоиши амалиётӣ - стратегии "Бародарии размӣ - 2021", як размоиши вежа бо неруҳои истихборотӣ - "Ҷустуҷӯ-2021" , тамринот бо неруҳои тадорукотӣ - "Эшелон-2021" ва тамрини неруҳои вокуниши сареъи ҷамъӣ - "Таомул -2021" – и СПАД дар хоки Тоҷикистон баргузор хоҳанд шуд.
Генеральный секретарь Организации Договора о коллективной безопасности (ОДКБ) Станислав Зась и Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.02.2021
Раҳмон таҳкими нерӯи СААД-ро барои муборизаи бар хатару таҳдидҳои амниятӣ зарур шумурид
“Инҳо се рӯйдоди аслиянд, ки дар хоки Тоҷикистон барномарезӣ шудааст. Ин як ҷузи комилан низомӣ аст. Мо нируҳои вежае дар созмони худ дорем. Ба мизони бештаре Котиботи созмони мо бо онҳо машғул аст, ки ҳамчунин тамриноти муштаракро бо мо ва ба таври мустақил анҷом медиҳад, аз ҷумла барномае низ дар қаламрави Тоҷикистон тарҳрезӣ шудааст”, - гуфт Анатолий Сидоров.
Қаблан дар ин видеоконфронс сардори Ситоди СПАД ин таваҷҷуҳи хоса ба Тоҷикистонро ба афзоиши хатари неруҳои созмонҳои террористии ҷамъшуда дар минтақаҳои марзӣ - Толибон ва ДОИШ (созмонҳои мануъ дар Тоҷикистону Русия) рабт дода буд.
"Дар тӯли тамрин, гурӯҳи неруҳои ҷамъӣ вазифаҳоеро барои ҷилавгирӣ аз талоши вуруди созмонҳои террористии байнулмилалӣ ба хоки кишварҳои узви СПАД анҷом хоҳанд дод. Теъдоди ҷангиёни Толибон дар манотиқи марзӣ бо Тоҷикистон ва Туркманистон ҳудуд 15 ҳазор нафар аст", – гуфт Анатолий Сидоров.
СААД ният дорад, ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро таҳким бахшад
Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ соли 1992 поягузорӣ шуда, соли 2002 созишномаи он ба имзо расид. Дар ҳоли ҳозир, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон узви ин созмон мебошанд.
Сербистону Афғонистон аз соли 2013 ба ин сӯ нозирони назди ассамблеяи парлумонии СПАД буда, то соли 1999 Озарбойҷон, Гурҷистон ва Ӯзбекистон низ узви созмон буданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала