Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Боздошти "бабри ДОИШ" дар ғарби Бағдод

© AFP 2020 / NOORULLAH SHIRZADAБоевики ИГ (террористическая организация, запрещена в РФ) и движения Талибан в полицейском отделении в Афганистане
Боевики ИГ (террористическая организация, запрещена в РФ) и движения Талибан в полицейском отделении в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.02.2021
Панҷ рӯз қабл низ нерӯҳои артиши Ироқ волии худхонда ва муфтии гурӯҳи террористии ДОИШ дар шаҳри Алтормия дар устони Салоҳуддинро боздошт карданд
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Як саркардаи ДОИШ (гурӯҳи террористӣ, мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия - идора) дар Бағдод боздошт шудааст.
Манобеи ироқӣ аз боздошти саркардаи ДОИШ, мавсум ба “бабри Бағдод” дар ғарби пойтахти ин кишвар хабар доданд.
Гуфта мешавад, ӯ масъули бомбагузории гурӯҳи террористии ДОИШ будааст.
Боевики движения Талибан, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2021
Ҳушдори СММ дар бораи ҳамалоти ДОИШ ба пойтахти Афғонистон
Ба гузориши "Парс тудей", созмони иттилооти Ироқ эълом кардааст, ки Нимири Бағдод ( бабри Бағдод )-ро дар як амалиёти ғофилгирона дар минтақаи Абӯғурайб дар ғарби Бағдод дастгир карданд.
"Дар ин баёнияи Созмони иттилооти Ироқ омадааст, ки ин террорист набераи  Аҳмад Абдулло Суед, яке аз саркардаҳои ДОИШ ва масъули бомбгузорӣ дар минтақае аст, ки ДОИШ онро "вилояти ҷануб" мехондаст", - менависад манбаъ.
Панҷ рӯз қабл низ нерӯҳои артиши Ироқ волии худхонда ва муфтии гурӯҳи террористии ДОИШ дар шаҳри Алтормия дар устони Салоҳуддинро боздошт карданд.
Пештар, Созмони Милали Муттаҳид аз ҳузури гурӯҳи террористии ДОИШ дар Афғонистон ибрози нигаронӣ ва эълом кард, ки аъзои гурӯҳи такфирии ДОИШ эҳтимолан дар ояндаи наздик марокизи шаҳрҳои бузурги Афғонистон, аз ҷумла Кобулро ҳадаф қарор медиҳанд.
Созмони милал дар гузориши ҷадиде эълом кард, ки ҳудуди ҳазор то 2 ҳазору 200 узви гурӯҳи террористии ДОИШ дар Афғонистон ҳузур доранд, ки хатари бузург барои ин кишвар ба шумор мераванд ва то кунун низ масъуляти бархе аз ҳамалоту инфиҷорҳои ин кишварро бар ӯҳда гирифтаанд.
Додгоҳи Рашт "Ҷулайбӣ"-ро барои таблиғи "ДОИШ" ҷазо дод
Ин дар ҳолест, ки давлати Афғонистон моҳи гузашта эълом карда буд, нерӯҳои амниятии ин кишвар дар амалиёти  "Аслам Форуқӣ" аз саркардагони гурӯҳи ДОИШ (гурӯҳи мамнӯъ дар қаламрави Русия) дар Афғонистон ва 19 тани дигар аз аъзоии ин гурӯҳро дастгир кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала