https://sputnik-tj.com/20210226/jabborov-putin-tuhfa-1032898260.html
Ҷабборов ба кишвардори Русия тӯҳфаи ғайриоддӣ дод
Ҷабборов ба кишвардори Русия тӯҳфаи ғайриоддӣ дод
Кишвардори Қирғизистон, Содир Ҷабборов ҳангоми сафари худ ба Федератсияи Русия ба Владимир Путин раисҷумҳури он кишвар тӯҳфаи ғайриодӣ тақдим намудаст 26.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-26T18:00+0500
2021-02-26T18:00+0500
2021-02-26T20:29+0500
владимир путин
тӯҳфа
содир ҷабборов
сиёсат
осиёи марказӣ
ҳамаи хабарҳо
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/18/1032883122_0:138:2861:1755_1920x0_80_0_0_4c3a251fad1cf9f214d2622c54276ef9.jpg
ДУШАНБЕ, 26 фев - Sputnik. Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов, ки бо сафари расмӣ ба Русия омада буд, ба Владимир Путин тӯҳфа овард.Мулоқоти сарони ду кишвар чанд рӯз пеш дар Маскав баргузор шуд. Дар мусоҳиба бо "Российская газета", Ҷабборов баъзе ҷузъиёти дидорашонро ошкор кард.Ба гуфтаи ӯ, ба Русия дасти холӣ наомада, балки як тӯҳфаи ғайриоддӣ - шамшери қирғизиро ҳамчун дастовез овард.Ҷабборов изҳор дошт, шамшере, ки ба Владимир Путин ҳадя кард, устоҳои беҳтарини Қирғизистон омода намуданд.Илова бар ин, Ҷабборов ҳамтои русашро ба Қирғизистон хонд.Яке аз мавзӯъҳои марказии муҳокимаи роҳбарони ду давлат, масъалаҳои мубрами марбут ба пандемияи COVID-19 буд. Гуфта мешавад, Ҷабборов аз президенти Русия хоҳиш кард, ки муҳоҷирони меҳнатиро ба барномаи эмгузаронии коронавирус дохил кунад.Ҷабборов мегӯяд шахси иғвогар наметавонад мири Бишкек шавадПутин қайд кард, ки Русия кӯмакро ба Қирғизистон дар мубориза бо вируси COVID - 19 идома медиҳад. Дар навбати худ, Ҷабборов ба самаранокии ваксинаи "Спутник V" таъкид карда, изҳори умедворӣ кард, ки ин дору ба зудӣ барои эмгузаронии оммавӣ ба Қирғизистон хоҳад расид.Ба таъкиди Ҷаборов, пандемияи коронавирусӣ нагузошт, ки Русия ва Қирғизистон 200 чорабинии муштаракро амалӣ кунанд.
https://sputnik-tj.com/20210224/jabborov-putin-kirqiziston-davat-1032882771.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/18/1032883122_0:47:2861:1846_1920x0_80_0_0_faa97180452f6ea1fafb1db3699033e2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
владимир путин, тӯҳфа, содир ҷабборов, сиёсат , осиёи марказӣ, ҳамаи хабарҳо
Ҷабборов ба кишвардори Русия тӯҳфаи ғайриоддӣ дод
18:00 26.02.2021 (Навсозишуда: 20:29 26.02.2021) Кишвардори Қирғизистон, Содир Ҷабборов ҳангоми сафари худ ба Федератсияи Русия ба Владимир Путин раисҷумҳури он кишвар тӯҳфаи ғайриодӣ тақдим намудаст
ДУШАНБЕ, 26 фев - Sputnik. Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов, ки бо сафари расмӣ ба Русия омада буд, ба Владимир Путин тӯҳфа овард.
Мулоқоти сарони ду кишвар чанд рӯз пеш дар Маскав баргузор шуд. Дар мусоҳиба бо "Российская газета", Ҷабборов баъзе ҷузъиёти дидорашонро ошкор кард.
Ба гуфтаи ӯ, ба Русия дасти холӣ наомада, балки як тӯҳфаи ғайриоддӣ - шамшери қирғизиро ҳамчун дастовез овард.
Ҷабборов изҳор дошт, шамшере, ки ба Владимир Путин ҳадя кард, устоҳои беҳтарини Қирғизистон омода намуданд.
Илова бар ин, Ҷабборов ҳамтои русашро ба Қирғизистон хонд.
Яке аз мавзӯъҳои марказии муҳокимаи роҳбарони ду давлат, масъалаҳои мубрами марбут ба пандемияи COVID-19 буд. Гуфта мешавад, Ҷабборов аз президенти Русия хоҳиш кард, ки муҳоҷирони меҳнатиро ба барномаи эмгузаронии коронавирус дохил кунад.
Путин қайд кард, ки Русия кӯмакро ба Қирғизистон дар мубориза бо вируси COVID - 19 идома медиҳад. Дар навбати худ, Ҷабборов ба самаранокии ваксинаи "Спутник V" таъкид карда, изҳори умедворӣ кард, ки ин дору ба зудӣ барои эмгузаронии оммавӣ ба Қирғизистон хоҳад расид.
Ба таъкиди Ҷаборов, пандемияи коронавирусӣ нагузошт, ки Русия ва Қирғизистон 200 чорабинии муштаракро амалӣ кунанд.