"Зарбаи қатъиро бо иштироки Путин расондем": Қодиров дар бораи маҳви гурӯҳи Бютукаев

© Sputnik / Саид Царнаев / Гузаштан ба хазинаи аксГлава Чеченской Республики Рамзан Кадыров, архивное фото
Глава Чеченской Республики Рамзан Кадыров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.02.2021
Бистуми январ дар деҳаи Қатар - Юрти Чеченистон, амалиёти вижа алайҳи гурӯҳи силоҳбадастон пиёда шуд, ки дар натиҷа 6 нафар бо шумули худи Бютукаев маҳв шуданд
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Кишвардори Чеченистон Рамазан Қодиров гуфт, ки президенти Русия Владимир Путин ҷараёни амалиёти вижа алайҳи бандаи Бютукаевро зери назорати худ қарор дод. Қодиров дар ин бора дар сафҳаи худ дар шабакаи иҷтимоии "ВКонтакте" навиштааст.
Зимнан, роҳбари Чеченистон ба Владимир Путин, изҳори миннатдорӣ намуда, афзуд ки "таҳти роҳбарии ӯ терроризми байналмилалӣ бори аввал дар таърихи ҷаҳонӣ нест карда шуд". Сардори Чеченистон қайд кард, ки президент натиҷаи ин амалиётро ниҳоят муҳим арзёбӣ кард.
"Таваҷҷӯҳи Владимир Владимирович омили ҳалкунандаи шикасти гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Чеченистон гардид", - шарҳ додааст Қодиров.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 20 январ дар канори деҳаи Қатар-Юрти Чеченистон як амалиёти вижа баргузор шуд, ки дар ҷараёни он шаш ҷангӣ, ки дар ҷустуҷӯи федералӣ қарор доштанд, аз ҷумла Бютукаев маҳв шуданд.
Пас аз ин амалиёт, Рамазон Қодиров расман эълон кард, ки Чеченистон ҳамакнун орӣ аз террористон шуд.
Моликони “Домодедово” барои амали террористӣ муҷозот мешаванд
Аслан Бютукаев ҳамроҳ бо Доку Умаров масъулияти ҳамлаи террористӣ дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскавро, ки 24 январи соли 2011 рух дода буд, бар дӯш гирифтанд.
Бар асари ин ҳамлаи террористӣ, дасти кам 37 нафар кушта шуд, ки се нафари онҳо атбои Тоҷикистон буданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала