Маҷлиси Ҳукумат: аз баррасии тағйири номи минтақаҳо то ҳудуди ноҳияҳои Душанбе

© пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.02.2021
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистонро баргузор кард, ки дар он якчанд масъалаҳо матраҳ шуданд
ДУШАНБЕ, 26 фев - Sputnik. Дар бораи баргузор шудани Маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон дафтари матбуоти раисҷумҳур гузориш медиҳад.
Бино бар иттилои манбаъ, дар он якчанд масъала баррасӣ шуд ва масъулин ҳисобот доданд.
Гуфта мешавад, дар кори маҷлис нахуст гузориши раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода шунида шуд.
"Дар соли 2019 майдони 706 гектар заминҳои партов, аз ҷумла 421 гектар обӣ ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шудааст. Аз ҷумла, майдони 586 гектар, аз он 302 гектар обӣ ба заминҳои корам ва 120 гектар, аз он 119 гектар партови обӣ ба дарахтони бисёрсола гузаронида шудааст", - гузориш додааст Хоҷазода.
Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки бештар заминҳо ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шаванд ва хариду фурӯши ғайриқонунии замин пешгирӣ карда шавад.
Доктор экономических наук, экс-замминистра сельского хозяйства и продовольствия России Леонид Холод - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2021
Як сол кам аст: коршинос чуну чарои лағви андози замин дар Тоҷикистонро шарҳ дод
Лоиҳаҳои як қатор қонунҳо баъди муҳокимаи аъзои Ҳукумати мамлакат барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон ирсол карда шуд.
Инҳо - “Дар бораи таъмини дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо”, “Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ”, “Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо”,  “Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет”, "Дар бораи чарогоҳ” ва "Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” мебошанд.
Дар кори маҷлис чор хулосаи Ҳукуматро “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи таҳсилоти иловагӣ” ва Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати ҶТ ба лоиҳаи Қонуни ҶТ “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ” мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Аъзои Ҳукумат ҳамчунин масъалаҳо Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба тағйир додани сарҳади ноҳияҳои Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Сино ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанберо баррасӣ карданд.
Ҳамчунин пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои вилояти Хатлон ва Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Тоҷикобод оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Тоҷикобод гуфта шуд.
Баррасии тағйири ҳудуди ноҳияҳои Душанбе: Рустами Эмомалӣ вакилонро ба маҷлис хонд
Дар охири кори маҷлис раиси Ҳукумат ба аъзои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои саривақтии қарору фармоишҳо, маъракаи кишту кори баҳорӣ, ниҳолшинонӣ, корҳои ободонӣ, созандагию бунёдкорӣ, омодагӣ ба санаи муҳими таърихӣ — 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бе хароҷоти зиёдатӣ ва бо риояи сарфаю сариштакорӣ таҷлил намудани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, дастуру супоришҳо доданд.
Лентаи хабарҳо
0