Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Миллион шаҳрванди Сурия дар интизори об: Русия чӣ гуна ба онҳо кӯмак мекунад - навор

Ҳудуди миллион шаҳрванди Сурия дар интизори омадани об ба манзилҳояшон қарор доранд. Низоми обрасонии онҳо ҳанӯз соли 2011 зимни даргириҳои мусаллаҳона тахриб шуда буд
Даргириҳои мусаллаҳона дар Сурия аз соли 2011 инҷониб идома доранд. Авохири соли 2017 пирӯзӣ бар гурӯҳи террористии Давлати исломӣ (мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон) дар Сурия ва Ироқ эълон карда шуд.
На авиабазе Хмеймим проходит вакцинация российских военнослужащих от COVID 19 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2021
Эмгузаронии низомиёни Русия дар Сурия ҷараён дорад - навор
Аммо то ҳол дар аксар минтақаҳо маҳви ҷангиён ҳамоно идома дорад. Феълан масъалаи пурра барқарор шудани сулҳ ва баргардондани тамоми гурезагони суриягӣ дар мадди аввал қарор дорад.
Бояд зикр намуд, ки аснои даргириҳои мусаллаҳона дар соли 2011 системаи обрасонӣ дар музофоти Эл-Хасаке тахриб шуд.
Ин система таҳти назорати Туркия қарор дорад ва суриягиҳо қаблан Туркияро дар барқасдона тахриб кардани лӯлаи об муттаҳам намуда буданд. Вале ҷониби Туркия ин итиҳомотро рад мекунад. 
Кай сохтмони системаи обрасонӣ ба анҷом мерасад ва Русия дар ин роҳ чӣ гуна ба давлати Сурия кӯмак мекунад, аз навори омоданамуда тамошо кунед.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала