Ҳар шаҳрванди Тоҷикистон 339 доллар қарздор аст

© PixabayДоллары
Доллары - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.02.2021
Ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон аз се миллиард доллар боло рафта, феълан 43,8 дарсади ММД-и ҷумҳуриро ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Тоҷикистон соли гузашта ҳаҷми қарзи хориҷаро афзоиш дод. Чунончи,  авалҳои соли 2021 ин нишондод 3,2 миллиард долларро ташкил медод.
Мавриди қайд аст, ки ин 43,8 дар сади маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад. Ҳамин тавр, ин қарз ба сари ҳар як сокини кишвар 339-долларӣ рост меояд.
Дар ҳамин ҳол, барои рӯйпуш кардани қарзи хориҷӣ Тоҷикистон дар соли гузашта 190,2 миллион доллар ҷудо карда буд, ки аз он 124 миллионаш ба қарз ва 66,2 миллионаш фисади он равона карда шуда буд.
Деньги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.02.2021
“Қарз зиёд шуд, боз қарз мегирем”: қарзи хориҷии Тоҷикистон чӣ қадар аст?
Пештар маълумоте пайдо гардид, ки Тоҷикистон дар мавриди баргардонидани қарзҳои хориҷӣ дар арафаи рӯбарӯшавӣ бо дефолт қарор дорад. Аммо мақомот ин маълумотро такзиб карданд. 
Бино бар гуфтаи коршиноси рус Олег Багданов, Тоҷикистон метавонист барои кӯмак ба Русия муроҷиат кунад.
Ба гуфтаи вай, кишварҳои бузурги шарик, дар қазияи афтидани яке аз иштирокдорони Иттиҳоде ба вазъи мушкил ҳавасманд нестанд, махсус дар вазъи дефолт, ин ба дигар иштирокдорони иттиҳод, масалан Иттиҳоди гумрукиро заиф мекунад.
Пештар хабар дода шуд, ки ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон бештар аз ду баробар аст маҳсулоти саноатии дар кишвар истеҳсолшуда дар соли 2020 аст.
Прилавок с лепешками рынке Мехргон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.12.2020
Зарбаи ногаҳонӣ: чӣ гуна коронавирус Тоҷикистонро дар қарз ғӯтавар кард
Бино бар иттилои Вазорати молия, соли гузашта барои дастгирии буҷаи давлатӣ аз маъхазҳои молии байналмилалӣ 384,3 миллион доллар ҷалб шуда буд.
Дар соли 2020 ба Тоҷикистон Бунёди байналмилалии асъор - 189,5 миллион доллар ва Бунёди рушд ва муътадилсозии Авруосиё 50 миллион доллар қарзи бефоиз доданд.
Маблағҳои грантии Бонки Осиёии Рушд, Бонки Ҷаҳонӣ ва Бонки Исломии Рушд низ ҷалб карда шуданд.
Гузашти Чину гуфтушунид бо дигарон: муҳлати бештари Тоҷикистон барои баргардондани қарз
Тавре ки қаблан қайд карда шуд, Тоҷикистон дар назди "Эксимбонк" -и Чин, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд ва Бонки Исломии Рушд қарзҳои калон дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала