Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Cуҳбати Худоёрзода дар мақоми нав: бехатарӣ дар ҷои аввал меистад - видео

© © Sputnik / Амир ИсаевМинистр транспорта Республики Таджикистан Худоёрзода Худоёр Завкибек
Министр транспорта Республики Таджикистан Худоёрзода Худоёр Завкибек - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.02.2021
Худоёр Худоёрзода, собиқ вазири нақлиёти Тоҷикистон, ки ба мақоми мудири техникии ширкати роҳбони IRS таъйин шудааст, вазъият дар роҳи Душанбе – Чаноқро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Худоёр Худоёрзода мегӯяд, рӯзи гузашта аз километри 47 то 73-юм боришоти сахт ба амал омад ва барои бехатарӣ, ки дар ҷои аввал меистад, ҳаракат барои то 6 соат манъ карда шуд.
Заместитель премьер-министра Таджикистана Азим Иброхим, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2020
Пешниҳоди Расулзодаву дастгирии Раҳмон: Азим Иброҳим вазири нақлиёт вазифаи нав гирифт
Ӯ афзуд, тамоми техникаи ширкат ба кор дароварда шуда, роҳ аз ҳар ду тараф тоза карда шуд ва феълан монеае мавҷуд надорад.
Вазири нақлиёт пулакӣ кардани роҳро муфид гуфт
Худоёрзода мушкили ҷиддиро дар он гуфт, ки бисёри ронандаҳои воситаҳои нақлиёт бидуни чархҳои зимистона ба роҳ мебароянд, ки ин мушкилӣ эҷод мекунад.  
Мудири техникии ширкат, ки сари роҳ суҳбат мекард, таъкид намуд, ки феълан роҳ аз ҳарду тараф тоза мебошад.
Худоёр Худоёрзода моҳи августи соли гузашта бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз мақоми вазири нақлиёти ҷумҳурӣ ба нафақа фиристода шуд, дар ширкати роҳбони IRS вазифаи нав гирифт
Ин ширкат масъули нигоҳдории ягона роҳи пулакии ҷумҳурӣ Душанбе – Чаноқ мебошад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала