Таъйиноти кадрӣ дар Суғд: Музаффар Азизов роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия шуд

© © Sputnik / Алексей ДружининПортфель с документами, архивное фото
Портфель с документами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2021
Бо қарори Тоҳир Азиззода, Музаффар Азизов, роҳбари дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ таъйин гардид
 ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Манобеъ аз ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ дар тайиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки Азизов ба унвони роҳбари дастгоҳ, рӯзи гузашта дар як маросими ҳукуматӣ муаррифӣ шуд.
“Қарори раиси ноҳия дар бораи таъйини роҳбари дастгоҳи нав қабул шуд. Ба ҷойи Рустам Рустамзода, Музаффар Азизов, роҳбари дастгоҳи ҳукумати ноҳия таъин гардид”, гуфт манбаъ аз ҳукумати Мастчоҳ.
Бино ба иттилоъи дарёфтӣ Азизов ба ҷойи Рустамзода раиси дастгоҳи раиси ноҳия ва дар навбати худ Рустамзода ба ҷойи Азизов, раиси ҷамоати шаҳраки Бӯстони ноҳияи таъйин гардидааст.
Пустое кресло - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2021
Тағйироти кадрӣ дар ҲХДТ дар вилояти Суғд
Дар поёни соли 2019 баъди он, ки Муҳаммад Идизода ба гумони содир намудани ҷинояти порагирӣ аз сӯи кормандони Ожонси зидди фасод дар Хуҷанд дастгир ва дар пайи ин ҳолат аз мақом барканор шуд ва ба ҷойи ӯ, Рустамзода роҳбари дасгоҳи ҳукумати Мастчоҳ таъйин гардид. Он замон Ғайрат Азиззода, раиси ноҳияи Мастчоҳ буд.
Азизов Музаффар Тугиянович 6 октябри соли 1971 дар шаҳркаи Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст.
Баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1- ноҳия ба Донишкадаи давлатии забонҳо ба номи Сотим Улуғзода дохил шуда, онро соли 1993 бо ихтисоси муаллими забон ва адабиёти рус хатм намуда, фаъолияти меҳнатии худро ба ҳайси омӯзгори фанни забон ва адабиёти рус дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и ноҳия оғоз намудааст.
Азизов то соли 1994 то 2011 дар як қатор вазифаҳо аз ҷумла масъули комиссияи кор бо ноболиғон, раиси созмони ҷавонон, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон, раиси ҷамоати шаҳраки Бӯстон кор кардааст.
Таъйиноти кадрӣ: Абдуллозода, роҳбари КАТС - и ноҳияи Аштро таъйин кард
Ӯ аз соли 2011 то соли 2016 менеҷери филиали ҶСП ТАҚХ “Имон-интернешнл” дар ноҳия ва солҳои 2016-2017 мудири бахши иқтисод ва савдо дар ҳукумати ноҳия, аз моҳи сентябри соли 2017 то моҳи апрели 2019 иҷрокунандаи вазифаи роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия ва аз 11 апрели соли 2019 то 23 феврали соли 2021 ҳамчун раиси ҷамоати шаҳраки Бӯстон фаъолият намудааст.
23 феврали соли ҷорӣ бо қарори Тоҳир Азиззода, раиси ноҳияи Мастчоҳ, раиси дастгоҳ таъйин шудааст. Музаффар Азизов, соли 2016, Донишгоҳи давлатии Хуҷандро бо ихтисоси иқтисодӣ хатм карда, соҳиби ду пипломи таҳсилоти олӣ аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала