Хурӯс соҳибашро ҳангоми хурӯсҷанг дар Ҳиндустон кушт: суд мешавад - видео

© AFP 2021 / Josh EdelsonПетух у сгоревшего автомобиля в Вакавилле, Калифорния
Петух у сгоревшего автомобиля в Вакавилле, Калифорния  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2021
Пас аз марги соҳибаш паррандаи ҷангиро ба идораи полис бурданд, сарнавишти минбаъдаи онро додгоҳ ҳал мекунад
ДУШАНБЕ, 1 мар - Sputnik. Хурӯс тасодуфан дар хурӯсҷанге дар минтақаи Ҷагитали Ҳиндустон соҳиби худро куштааст, менависад Times of India.
Змея, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2020
Набарди мурғи марҷон бо мор барои наҷоти ҷони ҷӯҷаҳояш - видео
Қабл аз оғози хурӯсҷанг парранда гурехтанӣ шуд ва соҳиби худ Танугул Сатишро бо корди дар панҷааш басташуда ба поёни шикамаш зад.
Мард ҳангоми интиқол додан ба бемористон аз сабаби зиёд рафтани хун дар роҳ ҷон додааст.
Полис ҳолати мазкурро нохост хонда, парванда боз кардааст ва хурӯсро ба қисми навбатдорӣ овардааст.
Баъзе шабакаҳои хабарӣ аз боздошти хурӯс хабар доданд, аммо полис инро рад кардааст.
Онҳо илова карданд, ки хурӯс дар додгоҳ ҳамчун сабаби марги соҳиби он муаррифӣ хоҳад шуд ва тақдири минбаъдаи онро дар он ҷо ҳал хоҳанд кард.
Баъзе иштирокчиёни дигари хурӯсҷанг низ ба суд оварда мешаванд.
Хурӯсҷанг дар Ҳиндустон аз соли 1960 манъ карда шудааст, аммо он дар бисёр иёлатҳо пинҳонӣ сурат мегирад ва иштирокчиён ба он шарт мегузоранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала