Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Мир Раҳмон Раҳмонӣ: аз сулҳу амният то марзу тиҷорат

© пресс-служба президентаВстреча Эмомали Рахмона с Мир Рахмоном Рахмоном, председателем Вулуси Джирга (Маджлиси намояндагон) Национального совета Исламской Республики Афганистан
Встреча Эмомали Рахмона с Мир Рахмоном Рахмоном, председателем Вулуси Джирга (Маджлиси намояндагон) Национального совета Исламской Республики Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2021
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо раиси Вулуси ҷиргаи (Маҷлиси намояндагони) Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмонӣ, ки бо сафари расмӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, мулоқот кард
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии президент, зимни суҳбат ҷонибҳо вобаста ба ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Афғонистон, ҳамчунин мавзуоти мубрами байналмилаливу минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.
Полномочный посол Исламской Республики Афганистан Мухаммад Захир Агбар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.02.2021
Шарҳи сафир Ағбар дар бораи сафари ҳайъати бузурги парлумони Афғонистон ба Тоҷикистон
Дар иртибот ба вазъи имрӯзаи Афғонистон ҷонибҳо ба раванди музокироти сулҳи байниафғонӣ, ки айни замон дар ҷараён аст, таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд, афзудааст манбаъ.
Эмомалӣ Раҳмон, зарурати дар ин замина пайдо намудани роҳҳои самарабахши истиқрори сулҳу суботи пойдорро дар Афғонистон қайд карда, ҷонибдории Тоҷикистонро аз иқдомот ва талошҳои пайвастаи Ҳукумати Афғонистон дар ин ҷода бори дигар иброз доштааст.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин алоқамандии худро ҷиҳати таҳкиму тавсеаи минбаъдаи равобити судманди дуҷониба дар самтҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла дар арсаҳои иқтисоду тиҷорат ва иҷтимоиёт, минҷумла, бо инобати ҳамагирии Ковид-19, дар соҳаи тандурустӣ, иброз намуданд.
Дар мулоқот ҳамзамон вобаста ба ҳамкориҳо дар соҳаи амният зарурати тақвияти шарикии ду кишвар дар мубориза алайҳи хатару таҳдидҳои замони муосир, бахусус терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир, ҳамчунин таъмини амнияти сарҳадот махсус таъкид карда шудааст.
Аз мулоқот бо Ғанӣ то Абдуллоҳу Амруллоҳ Солеҳ: чаро Ятимов ба Кобул рафт?
Ёдовар мешавем, сафари ҳайатҳои баланди ҳамсоякишвар дар доираи омодагиҳо ба конфронси "Қалби Осиё - Раванди Истамбул", ки зери роҳбарии Душанбею Кобул доир мешавад, сурат мегирад ва дар назар аст, президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ни сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф орад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала