Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Раиси ВМКБ: дастаҷамъии мардум ҳар монеаро бартараф месозад

© дафтари матбуоти Ҳукумати ВМКБЁдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон
Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2021
Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бардошташ аз пандемияро баён дошта, баробари кумакҳои Ҳукумат аз фаъолияти ризокорону худгузаштагии табибон тавсиф намуд
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Файзов мегӯяд, дар рӯзҳои аввали хуруҷи беморӣ тамоми сокинонро тарсу ваҳм фаро гирифта буд, аммо ҷасорати духтуронро дида, мардум ором шуданд.
Председатель ГБАО Ёдгор Файзов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.02.2021
Ёдгор Файзов аз баҳси забонҳои помирӣ ва пешниҳодҳо ба Ҳукумат гуфт
“Дар он рӯзҳои басо ҳассос табибони мо ҷони худро бар ивази ҷони беморон ба гарав гузошта, шифохонаро хонаи дуввуми хеш қарор доданд”, - навиштааст нашрияи “Оинаи зиндагӣ” аз қавли раиси ВМКБ.
Файзов зурур хондааст, ки бо вуҷуди паси сар шудани мавҷи беморӣ, қонуну қоидаҳои гигиенӣ бечуну чаро риоя шаванд.
“Аминам, ки муттаҳидиву дастаҷамъии мардуми сарбаланди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қодир аст, то дигар монеаҳоро ҳам бартараф созад”, - афзуд ӯ.
Раиси ВМКБ аз фаъолияти ризокорон тавсиф намуд, ки ҳамеша дар хидмати халқи худ буданд.
Сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ризокороне, ки ихтиёран бо интихоби озоди вақт, нерӯву малакаи худро бемузду ҷуброни хароҷот ба манфиати ҷомеа равона кардаанд, бо эҳтироми хос назар андохта, тамоми хостаҳои онҳоро иҷро намуданд, таъкид кард Файзов.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала