Як офат аст: Трамп Байденро бадтарин президент дар таърихи ИМА номид

© AP / Alex BrandonПрезидент США Дональд Трамп
Президент США Дональд Трамп  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2021
Президенти собиқи ИМА Доналд Трамп барои танқиди рақиби собиқи сиёсии худ ягон фурсатро аз даст намедиҳад
ДУШАНБЕ, 1 мар - Sputnik. Президенти пешини ИМА Доналд Трамп зимни суханронӣ дар Конфронси сиёсии консервативӣ (Conservative Political Action Conference) моҳҳои аввали ҳукмронии Ҷо Байденро шадидан танқид кард.
Президент США Дональд Трамп с супругой Меланией Трамп - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.02.2021
Трамп пас аз тарки вазифа аз пештара хушбахттар аст - мушовир
Трамп гуфт, ки "Ҷо Байден як офат ва ин фалокатбортарин моҳи аввали ҳамаи президентҳо дар таърихи муосир аст".
Сиёсатмадори амрикоӣ гуфт, ки ӯ карераи худро ба поён намерасонад ва фаъолияти нави сиёсиро ба роҳ мемонад.
Инчунин, собиқ президент фурсати муносибро аз даст надода, сарвари кунунии давлатро неш мезанад ва тақаллуб дар интихоботро ба ӯ хотиррасон мекунад.
Трамп қайд кард, ки интихоботи охирин нишон дод, ки Иёлоти Муттаҳида ба ислоҳоти интихоботӣ ниёз дорад.
Доналд Трамп ба ҷоизаи Нобел пешниҳод шуд
Мушкилоти дигаре, ки дар моҳи аввал фаъолона зоҳир шуд, ба гуфтаи Трамп, муҳоҷирати ғайриқонунӣ аст.
"Байден назоратро дар марз суст кард ва ба ин васила бӯҳрони навро оғоз кард. Картелҳо, хариду фурӯши одамон ва кӯдакон. Муҳоҷирони ғайриқонунӣ ҳоло оромона вориди кишвар мешаванд", - гуфт ӯ.
Дар хотима Доналд Трамп гуфт, ки шояд дубора номзад шавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала