Ҷӯразода, адиби маъруф ва нависандаи асарҳои бачагона даргузашт

© Sputnik / Стас ЭтвешПохороны в Таджикистане, архивное фото
Похороны в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2021
Марҳум узви Иттифоқи рӯзноманигорон буд ва ҳамчунин соли 2000 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон низ интихоб гардида буд
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Дар Душанбе адиби маъруф ва нависандаи асарҳои бачагона дар синни 85 - солагӣ вафот кард. Хабари марги Ғанӣ Ҷӯразодаро духтари ӯ Фирӯза Аҳрорӣ тасдиқ намудааст.
Носир Хасанов, таджикский актёр - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.02.2021
Носир Ҳасанов, ҳунарманди шинохтаи театру синамои тоҷик даргузашт
Ғанӣ Ҷӯразода соли 1936 дар маҳаллаи Мирамони ҷамоати Пӯлодони ноҳияи Конибодоми вилояти Суғд таваллуд ёфтааст. Баъд аз хатми мактаби миёнаи №25 (1956) таҳсилро дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон идома додааст.
Пас аз хатми донишгоҳ, солҳои 1961-1993, дар рӯзномаҳои "Комсомолии Тоҷикистон", "Ҷумҳурият", "Садои мардум" ва маҷаллаи "Коммунисти Тоҷикистон" дар вазифаҳои гуногун кор кардааст.
Солҳои 1993- 2006 тарҷумон-муҳаррири Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Гуфта мешавад, асарҳои Ҷӯразода ба забонҳои русӣ, узбакӣ ва ғайра тарҷума ва чоп шудаанд.
Марҳум дорандаи медали "Ветерани меҳнат", Ифтихорномаи Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон ва дигар мукофотҳост.
Адиби тоҷик аз соли 1962 узви Иттифоқи рӯзноманигорон ва аз соли 2000 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала