Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Бо пешниҳоди президент: дар Тоҷикистон медали 30-солагии истиқлолият таъсис мешавад

© © Sputnik / Амир ИсаевГород Душанбе
Город Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2021
Таъсиси медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст
ДУШАНБЕ, 1 мар - Sputnik. Тибқи иттиллои дафтари матбуотии порлумони кишвар, пешниҳодро Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар кардааст ва он дар фурсати наздик қабул хоҳад шуд.
Бинои беморхонаи навбунёди касалияҳои сироятии ноҳияи Данғара - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2020
Ҳадафи ҳукумат: бунёди 941 иншооти тиббӣ то 30 солагии Истиқлолият дар Хатлон
Абдураҳим Холиқзода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ зимни ҷаласаи навбатии парлумон гуфтааст, ки пешниҳоди мазкур бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани ин санаи барои Тоҷикистон муҳим, таърихӣ ва тақдирсоз ва бо медали ҷашнӣ қадр намудани шахсони арзанда, ки барои ҳифз ва таҳкими Истиқлоли давлатии  Тоҷикистон саҳми босазо гузоштаанд, таҳия гардидааст.
Ба иттилои манбаъ, бо мақсади тантанавор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, эътирофу қадршиносии хизмати шахсони арзанда дар таҳкими давлатдории Тоҷикистон ба мақсад мувофиқ аст, ки медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон” тасдиқ карда шавад.
Ба гуфтаи ӯ, пас аз таъсиси медал, Эмомалӣ Раҳмон метавонад онро ба категорияи муайяни шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки солҳои рушди истиқлолият дар рушди соҳаҳои гуногуни кишвар саҳм гузоштаанд, тақдим кунад.
Гуфта мешавад, он метавонад ба шаҳрвандони кишвар барои хидматҳояш дар ҳифзи давлатдории тоҷикон, дар татбиқи дигаргуниҳои демократӣ, ислоҳоти иқтисодӣ ва сиёсӣ, барои муваффақиятҳо дар рушди фарҳанг ва санъати миллӣ, барои дастовардҳои меҳнатӣ дар корҳои давлатӣ, тадқиқотӣ, ҷамъиятӣ ва хайрия тақдим карда шавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала