Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Аз пирӯзию дурустии омор то шифои ҳайратангези беморон: суҳбати сартабиби шифохонаи Оқохон

© аз хазинаи Ҳимат СулаймоновҲимат Сулаймонов, сартабиби Маркази тиббиӣ Оқохон
Ҳимат Сулаймонов, сартабиби Маркази тиббиӣ Оқохон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2021
Тими Маркази тиббии Оқохон дар замони пандемия даҳҳо беморонро аз дами марг наҷот додааст
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik, Сайёра Худоёрбекова. Маркази тиббии Оқохон, ки дар шаҳри Хоруғи ВМКБ ҷойгир аст, замони пандемия, дар баробари тамоми муассисаҳои табобатии Тоҷикистон ба муолиҷаи дардмандони коронавирус ва илтиҳоби шуш машғул буд. Sputnik Тоҷикистон бо сартабиби маркази тиббии Оқохон дар шаҳри Хоруғ, доктор Ҳимат Сулаймонов дар мавриди авҷи беморӣ ва роҳҳои табобат кардани маризон, мусоҳибае анҷом дод.
- Ба фикри Шумо чӣ боис шуд, ки Тоҷикистон дар зудтарин фурсат бар коронавирус пирӯз шуд?
Чизе ки набошад, дар умум стратегияи пешгирифтаи ҳукумат пирӯз шуд, ба қавле ғолибро қазоват намекунанд. Вале омилҳое буданд, ки ба пирӯзӣ кӯмак карданд. Аввалан дертар расидани вирус ба ҷумҳурӣ буд, яъне то расидани маризӣ, мо аллакай омодагӣ дидем. Барои мо аллакай раванди табобат кардани беморон ошно буд, чун таҷрибаи дигар давлатҳоро омӯхтем.
Прохожие на проспекте Рудаки в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.02.2021
Пизишки эронӣ аз бохти Амрико ва бурди Тоҷикистон дар мубориза алайҳи коронавирус гуфт
Агар дар мавриди пирӯзии ВМКБ ҳарф занам, бояд қайд кунам, ки дурии деҳаву ноҳияҳо аз ҳамдигар, нагузошт, то вирус зуд доман паҳн кунад. Таъсири боду ҳавои кӯҳистон ба ин беморӣ агар илман собит нашудааст, вале фикр мекунам то андозае таъсиргузор буд. Дигар ин, ки Ҳукумати Тоҷикистон тавонист ҷомеаи шаҳрвандиро гирди худ муттаҳид сохта, муқобили ин вирус мубориза баранд. Дар авҷи беморӣ қариб, ки ягон кас бетараф намонд, кӯмакҳо ҳам аз ҷониби кишварҳои хориҷ ва ҳам худи мардум ба ҳамдигар мерасонданд. Саҳми ихтиёриён дар ин ҷода беҳамто буд. Як худи Маркази мо чи гуна бо дигар муассисаҳои тиббӣ ҳакории зич дошту дар ҳамоҳангӣ кор мекардем, ки нишоне аз он фазои озоди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ватани мо аст. Фикр мекунам, ки ин аз беҳтарин арзишҳои мост, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин чо фаъол ҳасту дар ҳамкорӣ бо ҳукумат ҳамоҳанг аст.
-Ҳоло вазъият дар Бадахшон чӣ гуна аст?
Оморе, ки Вазорати тандурустии Тоҷикистон пешниҳод мекунад, сад андар сад дуруст аст. Дар ВМКБ беш аз як моҳ ягон ҳолати сироят шудани мардум ба коронавирусро мушоҳида накардем. Ҳаст мавридҳое, ки одамон бо андаке баланд шудани ҳарорати бадан ба мо муроҷиат мекунанд, вале пас аз гузарондани ташхиси пурра, маълум мешавад, ки дарди онҳо на коронавирус, балки ягон бемории дигар аст.
-Кай нахустин маризи коронавирус ба Маркази тиббии Оқохон муроҷиат кард?
Замоне, ки ин маризӣ қадами номубораки худро ба Тоҷикистон расонд, муроҷиати беморон ба маркази мо низ оғоз шуд.
- Омодагии шумо ва пизишконатон барои қабули беморон чӣ гуна буд?
Азбаски ин беморӣ ба Тоҷикистон ва алалхусус ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дертар расид, мо аллакай омодагӣ мегирифтем.
Миристр здравоохранения Таджикистана Джамолиддин Абдуллозода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.02.2021
Бовар накунанд омада бинанд: Абдуллозода гуфт, Тоҷикистон аз коронавирус орӣ аст
Аз ҷумла, Хадамоти тандурустии Оқохон дар вилоят миёни табибон ва кормандони соҳаи тиб семинару машваратҳо баргузор мекард. Ба пизишкон тарзи дуруст пӯшидан ва бадар кардани либоси муҳофизатии инфиродӣ фаҳмонида мешуд. Табибон аллакай омода буданд ва аз ин рӯ, аз беморони коронавирус ҳеҷ ҳаросе ҳам надоштанд. Мо такя ба таҷрибаи давлатҳои дигар мекардем, ки дар он ҷо коронавирус барвақттар зуҳур кард.
Зимнан, бо маризон тарзе муносибату муошират мекардем, ки онҳо ба сиҳат шудани худ боварӣ ҳосил мекарданд. Маҳз наҳаросидани мо, ба онҳо қувваи иловагӣ медод ва онҳо худ барои мағлуб кардани вирус камари ҳимат мебастанд.
- Баҳои шумо ба кори табибони маркази Оқохон дар мубориза бо каронавирус?
Агар дар қаламрави давлатҳои пасошӯравӣ назар кунем, бо беморони коронавирус асосан муассисаҳои давлатӣ сару кор доштанд. Дар Бадахшон низ беморонро асосан дар муассисаҳои тиббиӣ давлатӣ тадовӣ мекарданд ва маркази мо дар аввал танҳо кӯмаки иловагӣ мерасонд. Мо ҳатто тасаввур ҳам намекардем, ки табобати маркази тиббиӣ Оқохон ба беҳтарин нишондодҳо ноил мешавад. Хадамоти тандурустии Оқохон, ҳамаҷониба маркази мо ва иловатан муассисаҳои дигарро бо тамоми лавозимоти зарурӣ таъмин мекард.
Дигар ин ки, маркази Оқохон дар ҳамоҳангӣ бо муассисазҳои давлатӣ ҳамкории зич ба роҳ монд ва фикр мекунам, маҳз дастаҷамъии тамоми пизишкони вилоят буд, ки бо камтарин мавориди фавт бар вируси COVID – 19 пирӯз омадем. Бояд қайд кунам, ки дар маркази тибии мо новобаста аз тамоси қарини табибон бо беморони коронавирус, ягон табиб фавт накард, ки ин албатта аз омодагии хуби пизишкон далолат медиҳад
- Маризии беморон дар Бадахшон чӣ гуна ҷараён мегирифт ва тадовиро аз чӣ оғоз кардед?
Беморонро дар мадди аввал гурӯҳбандӣ мекардем. Маризони сабукро пас аз ташхис кардан, ҷавоб дода, ба онҳо тарзи дурусти табобат гирифтанро мефаҳмондем. Бемороне, ки дар ҳолати вазнин қарор доштанд, онҳоро аз маризони ҳолати сабукдошта, алоҳида мехобондем. Гузашта аз ин то расидани пандемия ба Бадахшон, аллакай тарзи дуруст истифода кардани антибиотикҳо, доруҳои зиддивирусӣ, иммуносупрессорҳо, антикоагулянтҳо ва ҳамчунин ҳормонҳоро ба хубӣ аз худ кардем. Муҳимтар аз ҳама, аз таҷрибаи дигар давлатҳо хулоса баровара, кӯшиш мекардем, ки беморонро бо роҳи пайваст кардан ба трубкаи эндотрахеалӣ табобат накунем, зеро ин намуди тадовӣ на он қадар самарабахш буд. Мо аз тариқи вентилятсияи неинвазивӣ, ки дар ҷаҳон бо номи "СИПАП" маъруф аст, истифода намудем, ва натиҷаи хуби ин табобатро аллакай аз рӯзҳои аввал мушоҳида кардем. Ҳудуди 90 дарсади маризонро маҳз тариқи винтелятсияи неинвизитӣ табобат намудем. Зимнан, дар табобати беморони коронавис аз истифодаи доруҳои зидди малярия аз рузхои аввал даст кашидем.
-Буданд ҳолатҳое, ки то ҳол онҳоро фаромӯш намекунед?
Замони табобати маризони коронавирус ду беморе доштем, ки аз шифо ёфтани онҳо хушбин набудем, вале хушбахтона беҳбуд ёфтанд, ки ҳанӯз ҳам гӯё дар пеши назаранд.
Женщина переходит через дорогу на проспекте Рудаки в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.01.2021
Замони эмгузаронӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон маълум шуд: киҳо ваксин мегиранд?
Яке зани 56 – сол буд, ки пас аз муддате дар беморхонаи ҷамоатӣ табобат гирифтан, вазъи саломатияш якбора бад шуд ва ӯро ба маркази мо интиқол доданд. Ҳолати ин зан ниҳоят вазнин буд. Вирус то ҳатто ҳароммағзи ӯро фалаҷ карда, бемор на қобилияти мустақилона хӯрок хӯрдану на нафас кашиданро дошт. Ҳар ду дасту пойи ӯ фалаҷ буд. Ӯ ба синдроми Гийена-Барре гирифтор буд. Муддати 42 рӯз дар маркази мо тадовӣ мегирифт ва имрӯз бо ду пойи равон роҳ меградаду фаъол аст. Фикр мекунам, дармон ёфтани ин бемор бесобиқа аст ва дар соҳаи тиб ин яке аз беҳтарину нодиртарин натиҷаи заҳмати табибон мебошад.
Зимнан, як сокини 70 – солаи ноҳияи Рӯшонро низ ба по хезондем. Дар ҳоле, ки шушҳои ин бемор 95 фисад илтиҳоб доштанд ва синну соли ӯ ҳам ҷавон набуд. Вале мо тавонистем ӯро шифо бахшем. Ин гуна мисолҳо бисёранд, ки илҳомбахши тими Маркази мо мебошанд.
-Оё барои маризони коронаиврус тахфиф ҷой дошт?
Бале, барои аксарият маризони вируси COVID – 19 тахфиф ҷой дошт. Хадамоти тандурустии Оқохон барои ин қабил маризон, ҳатто буҷаи махсус ҷудо кард. Буданд маризоне, ки барои онҳо то 80 ва ё 90 фисад тахфиф ҷудо шуда буд. Аксарияти беморонро бо тахфифи 50 фисад табобат мекардем.
-Назари шумо нисбат ба эмгузаронӣ чӣ гуна аст. Зарурати эм кардани шаҳрвандони Тоҷикистон ҷой дорад ё на?
Албатта, эм гирифтани шаҳрвандон муҳим аст, зеро то ҳол дақиқ нашудаст, ки вазъият боз кадом маҷроро касб мекунад. Имрӯз агар Тоҷикистон хушбахтона аз ин беморӣ халосӣ ёфт, дар дигар кишварҳо бедодгарии он идома дорад. Аз ин рӯ, фикр мекунам эм гирифтани шаҳрвандон, бахусус нафароне, ки ба гурӯҳи хафв шомиланд, зарур аст.
-Кадом ваксинаро шумо маслиҳат медиҳед?
Ман ҳоло дақиқан наметавонам гӯям, ки кадом ваксин беҳтару хубтар аст. Зеро омӯзишу таҳқиқот дар мавриди муассирияти ин ё он ваксин идома дорад ва феълан Вазорати танудурстии Тоҷикистон дар ин ҷода фаъолияти хуберо ба роҳ мондаанд. Кадом ваксинаеро, ки Вазорати тандурустӣ тасдиқ кард, мо низ ҳамонро қабул медорем.
-Маркази шумо ҳоло ягон ваксинро дастрас кардааст ё хайр.
На ба маркази мо ягон ваксин ҳоло дастрас нашудааст. Феълан мо дар интизори ваксин ҳастем ва умедворем, ки вируси COVID - 19 дигар Тоҷикистонро домангир намешавад ва ҳамзамон тамоми дунё дар ояндаи наздик аз ин вабо орӣ мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала