Ҳушдори КҲФ аз селу сангрезӣ ва дамои ҳаво барои имрӯз

Камнепад в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2021
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар такя ба Агентии ҳавошиносии кишвар иттилоъ додааст, ки дар кишвар ҳавои ноустувор ва боришот то охири ҳафта боқӣ хоҳад монд
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Ба иттилои манбаъ, бо сабаби боришоти дарпешистода ва болоравии ҳарорат, обшавии босуръати барф дар кӯҳҳо ба амал меояд, ки метавонад ба эрозияи хок ва ҳаракати онҳо, ба баланд шудани сатҳи об дар дарёҳо, обанборҳо ва инчунин ба харобӣ ва эрозияи хатти соҳили дарёҳо ва кӯлҳо сабаб шавад.
"Дар натиҷаи боришот, хатари фаромадани тарма, сел ва сангрезаҳо боқӣ мондааст", - афзудааст манбаъ.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аҳолиро даъват мекунад, ки аз сафар, сайругашт ба минтақаҳои тарма, ҷамъоварии гиёҳҳо дар ноҳияҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд, ҳушёр ва эҳтиёткор бошанд.
Камнепад перекрыл движения по трассе Душанбе-Худжанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2021
Ду ҳодисаи нохуш дар Бадахшон: яке худкушӣ карду, дигаре дар сангрезӣ ҷон бохт
Тибқи иттилои Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят бориши сусти борон дар назар аст.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 18-23 ва рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд  абрноки бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона  аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, танҳо рӯзона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши сусти борон пешбинӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук  то 3 дараҷа гарм ва рӯзона  3+8  дараҷа гарм мешавад.
Дар  шаҳри Душанбе ҳавои абрноки бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона  1+3  ва рӯзона 15+17 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала