https://sputnik-tj.com/20210302/Qonuni-tibi-Abuali-ibni-Sino-Dushanbe-boznashr--1032925669.html
"Қонуни тиб"- и Абуалӣ ибни Сино дар Душанбе бознашр шуд
"Қонуни тиб"- и Абуалӣ ибни Сино дар Душанбе бознашр шуд
Кормандони маркази синошиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии Тоҷикистон “Қонуни тиб” (китоби 5) - ро тарҷума ва бознашр намуданд... 02.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-02T16:56+0500
2021-03-02T16:56+0500
2021-04-19T16:54+0500
китоб
қонун
ибни сино
сино
фарҳанг
дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdn1.img.sputnik.tj/img/102637/46/1026374638_155:0:1905:989_1920x0_80_0_0_62bb74ebb4bac133f1bd4e67d451fe83.jpg
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Суннатулло Ҷонбобоев, роҳбари марказ, иттилоъ додааст, ки ҷилд бахшеро дар бар мегирад, ки дар илми тиб бо номи "Карободин" (фармакопия) машҳур аст."Китоб аз 3 қисм иборат мебошад. Дар қисми аввал оид ба доруҳои мураккаб сухан меравад. Дар қисми дуюм доруҳои мураккаб аз рӯи навъашон тақсим шуда, таркиб, тарзи ба вуҷуд овардан ва истифодаи дурусти онҳо нишон дода шудааст. Қисми сеюм, доруҳои мураккаби санҷидашударо фаро мегирад", - таъкид доштааст Суннатулло Ҷонбобоев. Дар китоб бемориҳо, сабаб ва зиёне, ки ба бадани инсон мерасонанд, шарҳи комил ёфтаанд, - гуфт Ҷонбобоев.Дар асар мавриди бисёр бемориҳо андешаҳои илман асоснок ҷой шудаанд, ки то имрӯз аҳамияти худро гум накардаанд. Кормандони марказ, ҳамчунин, бори аввал рисолаҳои "Китоб - уш – шифо", "Ҷадал", "Хитоба", "Суфастоӣ" ва "Фанни шеър" - и Абуалӣ ибни Синоро аз арабӣ ба забони русӣ тарҷумаву нашр намуданд.Тарҷумаи тоҷикии онҳо рӯзҳои наздик дастраси хонандагон мегардад.
https://sputnik-tj.com/20210222/ozmun-furugh-prezident-1032871559.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdn1.img.sputnik.tj/img/102637/46/1026374638_243:0:1817:989_1920x0_80_0_0_4893757289a5ba3db9c0fd4948a979d1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
китоб, қонун, ибни сино, сино, фарҳанг, дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо
"Қонуни тиб"- и Абуалӣ ибни Сино дар Душанбе бознашр шуд
16:56 02.03.2021 (Навсозишуда: 16:54 19.04.2021) Кормандони маркази синошиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии Тоҷикистон “Қонуни тиб” (китоби 5) - ро тарҷума ва бознашр намуданд, ки ҷилди 16 - уми Осори Абуалӣ ибни Синоро ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Суннатулло Ҷонбобоев, роҳбари марказ, иттилоъ додааст, ки ҷилд бахшеро дар бар мегирад, ки дар илми тиб бо номи "Карободин" (фармакопия) машҳур аст.
"Китоб аз 3 қисм иборат мебошад. Дар қисми аввал оид ба доруҳои мураккаб сухан меравад. Дар қисми дуюм доруҳои мураккаб аз рӯи навъашон тақсим шуда, таркиб, тарзи ба вуҷуд овардан ва истифодаи дурусти онҳо нишон дода шудааст. Қисми сеюм, доруҳои мураккаби санҷидашударо фаро мегирад", - таъкид доштааст Суннатулло Ҷонбобоев.
Дар китоб бемориҳо, сабаб ва зиёне, ки ба бадани инсон мерасонанд, шарҳи комил ёфтаанд, - гуфт Ҷонбобоев.
Дар асар мавриди бисёр бемориҳо андешаҳои илман асоснок ҷой шудаанд, ки то имрӯз аҳамияти худро гум накардаанд.
Кормандони марказ, ҳамчунин, бори аввал рисолаҳои "Китоб - уш – шифо", "Ҷадал", "Хитоба", "Суфастоӣ" ва "Фанни шеър" - и Абуалӣ ибни Синоро аз арабӣ ба забони русӣ тарҷумаву нашр намуданд.
Тарҷумаи тоҷикии онҳо рӯзҳои наздик дастраси хонандагон мегардад.