https://sputnik-tj.com/20210302/Tojikiston-parvozo-muntazam-1032924068.html
Тоҷикистон парвозҳои мунтазамро бо ду кишвар аз сар гирифт
Тоҷикистон парвозҳои мунтазамро бо ду кишвар аз сар гирифт
Дар Тоҷикистон, ки ҳоло вазъи эпидемиологӣ дар робита ба маризии коронавирус беҳбуд ёфтааст, равобити ҳавоӣ бо ду кишвар барқарор шуд 02.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-02T14:45+0500
2021-03-02T14:45+0500
2021-03-02T15:03+0500
афғонистон
қазоқистон
парвоз
тоҷикистон
нақлиёт
дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/02/1032380209_0:0:3072:1738_1920x0_80_0_0_e2515a087e2e494a443b3b4b8173a235.jpg
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Тоҷикистон равобити ҳавоиро бо Ҷумҳуриҳои Қазоқистону Афғонистон барқарор намуд.Ба иттилои Агентии авиатсияи гражданӣ, ҳамакнун парвозҳо ҳафтае як маротиба дар масири Душанбе - Алмаато - Душанбе ва инчунин Душанбе - Афғонистон - Душанбе сурат мегиранд.Манбаъ меафзояд, масъалаи барқарор шудани парвозҳои мунтазим дар ҷаласаи ахири мудири агентӣ Икром Субҳонзода бо намояндагони "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе", ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" ва ҳамчунин намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии "Белавиа"- и Белорус, "Эйр Астана"-и Ҷумҳурии Қазоқистон ва "Кам Эйр"- и Афғонистон баррасӣ шуд.Зикр мегардад, ки дар ҷаласаи мазкур Икром Субҳонзода ба беҳ шудани вазъи ҳамагирӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ишора карда, изҳор доштааст, ки чунин вазъият ба барқарор кардани парвозҳои мунтазами байналмилалӣ мусоид аст.Илова бар ин, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза алайҳи коронавирус низ иҷозат додааст, ки парвозҳои мунтазам бо Афғонистону Қазоқистон барқарор шавад.Вазир: Русия барои роҳандозии парвозҳо ягон шарт нагузоштаастГуфта мешавад, ҳоло масъалаи барқарор шудани равобити ҳаво бо Белорус низ дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.Агентӣ тавзеҳ додааст, ки дар рафти ҷаласа аз ширкатҳои ҳавопаймоии ватанию хориҷӣ дархост шудааст, ки нархи чиптаро хуқдсарона афзун накунанд, балки дар доираи арзиши аслӣ фурӯхта шавад.
https://sputnik-tj.com/20210105/Dakik-shud-parvozhoi-muntazam-miyoni-Dushanbe-va-Toshkand-az-mart-shur-meshavad-1032580245.html
афғонистон
қазоқистон
тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/02/1032380209_0:0:3072:1930_1920x0_80_0_0_58ef7e3e9f5d0a72247f6b50308b23c4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
афғонистон, қазоқистон, парвоз, тоҷикистон, нақлиёт, дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо
Тоҷикистон парвозҳои мунтазамро бо ду кишвар аз сар гирифт
14:45 02.03.2021 (Навсозишуда: 15:03 02.03.2021) Дар Тоҷикистон, ки ҳоло вазъи эпидемиологӣ дар робита ба маризии коронавирус беҳбуд ёфтааст, равобити ҳавоӣ бо ду кишвар барқарор шуд
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Тоҷикистон равобити ҳавоиро бо Ҷумҳуриҳои Қазоқистону Афғонистон барқарор намуд.
Ба иттилои Агентии авиатсияи гражданӣ, ҳамакнун парвозҳо ҳафтае як маротиба дар масири Душанбе - Алмаато - Душанбе ва инчунин Душанбе - Афғонистон - Душанбе сурат мегиранд.
Манбаъ меафзояд, масъалаи барқарор шудани парвозҳои мунтазим дар ҷаласаи ахири мудири агентӣ Икром Субҳонзода бо намояндагони "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе", ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" ва ҳамчунин намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии "Белавиа"- и Белорус, "Эйр Астана"-и Ҷумҳурии Қазоқистон ва "Кам Эйр"- и Афғонистон баррасӣ шуд.
Зикр мегардад, ки дар ҷаласаи мазкур Икром Субҳонзода ба беҳ шудани вазъи ҳамагирӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ишора карда, изҳор доштааст, ки чунин вазъият ба барқарор кардани парвозҳои мунтазами байналмилалӣ мусоид аст.
Илова бар ин, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза алайҳи коронавирус низ иҷозат додааст, ки парвозҳои мунтазам бо Афғонистону Қазоқистон барқарор шавад.
Гуфта мешавад, ҳоло масъалаи барқарор шудани равобити ҳаво бо Белорус низ дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.
Агентӣ тавзеҳ додааст, ки дар рафти ҷаласа аз ширкатҳои ҳавопаймоии ватанию хориҷӣ дархост шудааст, ки нархи чиптаро хуқдсарона афзун накунанд, балки дар доираи арзиши аслӣ фурӯхта шавад.