Зокирзода гуфт, Афғонистон барои Тоҷикистон чӣ аҳамият дорад

© Sputnik / Shafi KarimiПразднование дня независимости в Кабуле
Празднование дня независимости в Кабуле  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2021
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо раиси Вулуси Ҷиргаи Шӯрои Миллии Афғонистон, муносибатҳои ду кишварро дар соҳаҳои мухталиф баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik.  Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ахиран бо раиси Вулуси Ҷиргаи Шӯрои Миллии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмонӣ мулоқот намуд.
Глава МИД РТ встретился с преседателем парламент Афганистан Миррахмон Рахмони - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2021
Сироҷиддин Муҳриддин ва Мир Раҳмон Раҳмонӣ чиҳо гуфтанд?
Бино ба иттилои дафтари матбуоти парлумони кишвар, зимни мулоқот ҷонибҳо муносибатҳои дӯстонаи дуҷонибаро баррасӣ карданд.
Гуфта шудааст, ки зимни мулоқот тарафҳо ба масоили таҳким ва тавсеъаи ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, ҷараёни гуфтушунидҳо баҳри расидан ба сулҳу субот дар дохили Афғонистон, муносибатҳои Тоҷикистону Афғонистон дар соҳаҳои гуногун, фаъолияти комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва вазъи кунуниву дурнамои муносибатҳо дар ин самт таваҷҷуҳ зоҳир шуд.
Манбаъ қайд кардааст, ки дар доираи суҳбати анҷомёфта ҷонибҳо масъалаи баргузории Конфронси нуҳуми вазирони корҳои хориҷии “Қалби Осиё – Раванди  Истамбул”-ро баррасӣ карда, барои баргузор намудани ин ҳамоиш дар охири моҳи марти соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе таҳти ҳамраисии Тоҷикистон ва Афғонистон ба мувофиқа расиданд.
© МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РТМиррахмон Рахмони встретится с председателем нижней палаты парламента Махмадтоиром Зокирзодой
Миррахмон Рахмони встретится с председателем нижней палаты парламента Махмадтоиром Зокирзодой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2021
Миррахмон Рахмони встретится с председателем нижней палаты парламента Махмадтоиром Зокирзодой
Зокирзода ҳамчунин зикр кард, ки  муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии байни Тоҷикистону Афғонистон дар ҳоли рушд қарор дошта, Афғонистон миёни шарикони савдои Тоҷикистон ҷойгоҳи муҳим дорад.
"Танҳо дар соли 2020 мубодилаи мол байни ду кишвар зиёда 70 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад ва бештар аз 68 миллион доллари он ба содироти молҳои Тоҷикистон рост меояд, ки асосан аз интиқоли барқ, семент, маҳсулоти сохтмон, нуриҳои минералӣ, маводи ғизоӣ, меваҷот ва сабзавот иборат мебошанд", - қайд мешавад дар хабари дафтари матбуоти парлумон.
Бояд гуфт, ки байни Тоҷикистону Афғонистон то имрӯз беш аз 90 санади ҳамкории дуҷониба, ки соҳаҳои гуногунро фаро мегиранд, ба имзо расида, мавриди амал қарор доранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала