Баъди падар фарзанд: додгоҳ писари муовини раиси ҲСДТ Маҳмурод Одинаевро зиндон кард

© PixabayТюремная вышка, архивное фото
Тюремная вышка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2021
Обуна шудан
Додгоҳи шаҳри Ҳисор ҳукми писари муовини зиндонии раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Маҳмурод Одинаевро содир кардааст
ДУШАНБЕ, 2 мар- Sputnik. Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали ҲСДТ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, додгоҳ Шайхмуслиҳиддин Ризоевро барои шаш сол равонаи зиндон кард.
Генеральная прокуратура РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.12.2020
Намояндагони давлатро таҳдид кард: шарҳи Прокуратураи генералӣ аз боздошти Одинаев
Ба гуфтаи ҳуқуқшиноси тоҷик, баррасии парванда ва ҳукми Шайхмуслиҳиддин Ризоев бидуни ширкати хонаводаи ӯ сурат гирифтааст.
Ба гуфтаи Ҳакимов, қаблан баҳонаи оғози нофаҳмиҳо миёни мақомот ва Маҳмурод Одинаев маҳз ҳамин писараш буд, зеро ӯ аз нигоҳи равонию шунавоӣ ва биноӣ мушкил дорад, аммо кормандони комиссариати ҳарбии Ҳисор ӯро бо усули "облава" ба хизмат фиристоданӣ мешаванд.
Номбурда гуфт, ҳукми Шайхмуслиҳиддин Ризоев низ шояд ангезаи сиёсӣ дошта бошад.
Як манбаъ аз додситонии шаҳри Ҳисор ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Шайхмуслиҳиддин Ризоев бо моддаҳои 237, қисми 2 ва 32-138, ки авбошӣ ва кӯшиши таҷовуз ба номус мебошад, муҷрим шинохта мешавад.
Маҳмурод Одинаев, ноиби зиндонии раиси ҲСДТ, қаблан дар расонаҳо аз латукӯби писараш, ки таксӣ меронад, хабар дода, эҳтимолан онро ба фаъолияти сиёсии худ рабт дод.
Изҳороти ВКД дар бораи Маҳмурод Одинаев: "шахси моҷароҷӯ" аст
Аммо ВКД баъдан ба фаъолияти сиёсии Одинаев рабт доштани латукӯби писараш - Шайхмуслиҳиддин Ризоевро рад карда, изҳор дошт, ки ӯ аз ҷониби Имомиддин Амиршоев, муҳофизи тарабхонаи “Шоми Шӯроб” латукӯб шудааст.
Машины милиции в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2020
Шарҳи ВУД дар бораи қазияи писари Маҳмурод Одинаев-видео
Ба иттилои манбаъ, ҳодиса тақрибан соати 2-и шаб дар ҳоле рух додааст, ки муҳофизони тарабхона хостаанд, духтар Шаҳноза Саидоваро аз дасти Ризоев халос кунанд.
Шаҳноза Саидова дар гузориш гуфтааст, ки бо мошини Ризоев назди тарабхона омадааст, аммо пулро надода, изҳор доштааст, ки маблағро дугонааш медиҳад, аммо ронанда бовар накардааст ва муноқиша рух додааст.
Худи Ризоев дар шарҳи қазия изҳор дошт, ки духтари мусофирро аз роҳ савор карда, то пеши тарабхонаи “Шоми Шӯроб”-и деҳаи Шӯроби шаҳри Ҳисор бурд, аммо духтар гуфт, ки маблағро дугонааш медиҳад, ки дар тарабхона аст. Ӯ афзуд, ки дар тарабхона дугонаро наёфт ва вақте баромад, Саидова аллакай ба дигар мошин савор шуданӣ буд.
"Ман ӯро аз даруни мошин кашида фаровардам, якто задам, ки бачаҳо тарафи ман давида маро заданд", - гуфт Шайхмуслиҳиддин Одинаев.
Раёсати тафтишотии ВКД он замон нисбати Амиршоев Эмомиддин ва Шайхмуслиҳиддин Ризоев бо моддаи 237 қ.2 банди б-и КҶ ҶТ, яъне авбошӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, гуфта буд, ки вобаста ба кирдорҳои бадахлоқонаи Шайхмуслиҳиддин Ризоев корҳои тафтишотӣ идома дорад.
Ёдовар мешавем, 28 январи соли ҷорӣ додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ худи Одинаевро барои 14 сол равонаи зиндон кард ва қабл аз ӯ нисбат ба Ҳабибулло Ризоев писари дигараш низ айб эълон шуда 58 ҳазор сомонӣ ҷарима шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0