Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Тоҷикона: тасвири либосу хони тоҷикии рассоми наврас ғолиби фестивале дар Маскав шуд

© © Сайт АО «МОСГАЗ»Тасвири офаридаи Азимов Сарваршоҳ, ки дар Маскав соҳиби ҷойи аввал шуд
Тасвири офаридаи Азимов Сарваршоҳ, ки дар Маскав соҳиби ҷойи аввал шуд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2021
Дар шаҳри Маскав тариқи фазои маҷозӣ Фестивали байналмилалии истеъдодҳои наврас ҷамъбаст гардид, ки навраси тоҷик соҳиби мақоми аввал шуд
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Нуҳумин фестивали байналмиллалии истеъдодҳои наврас таҳти унвони "Волшебная сила голубого потока — МОСГАЗ зажигает звезды" дар шаҳри Маскав ҷамъбаст шуд.
Ин озмун дар фазои маҷозӣ баргузор шуд. Дар озмуни мазкур иштирокчиёни беш 70 манотиқи Русия ва 4 давлат бо шумули Тоҷикистон иштирок намуданд.
Экспозиция История исследования феномена Моны Лизы на выставке Гений да Винчи в музее Артилерии и инженерных войск в Санкт-Петербурге. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2021
Дар тасвири Леонардо да Винчи нишони форсӣ ёфтанд
Тоҷикистонро дар фестивали мазкур донишҷӯёни Муассисаи давлатии "Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов" намояндагӣ карданд.
Сомонаи "МОСГАЗ зажигает звезды" исми ғолибони фестивалро нашр намудааст, ки миёни ғолибон Азимов Сарваршоҳ Ҳамзалиевич низ зикр гардидааст. Сарваршоҳ дар бахши "Сулҳи хонадони ман" тасвири сирф тоҷиконаро кашидааст, ки ба эҳтимоли зиёд фазои зебои тоҷикона доваронро тасхир намудааст.
Рассоми навраси тоҷик суратеро офаридааст, ки дар он зану марди солхӯрда бо либоси шинами тоҷикӣ сари хон нишастаанд. Ин тасвири Сарваршоҳ ба гирифтани мақом аввал даст ёфт.
Ҷамъан 55 нафар иштирокчиёни фестивал ба гирифтани ҷоиза мушарраф шуданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала