Тоҷикистон ваксинаи AstraZeneca - ро тасдиқ кард ва моҳи март онро дастрас мекунад

© REUTERS / LEE SMITHВакцина от коронавируса
Вакцина от коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2021
Интизор меравад моҳи ҷорӣ Тоҷикистон дар доираи механизми COVAX дасти кам 732 ҳазор вояи ваксинаи AstraZeneca - ро дастрас кунад
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Тоҷикистон ваксинаи AstraZeneca-ро, ки бояд тибқи механизми COVAX қабул намояд, аллакай тасдиқ кард. Дар ин бора Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ба таъкиди Ҷафаров, ваксини мазкур моҳи ҷорӣ ба Тоҷикистон ворид мешавад.
"Тоҷикистон ваксинаи коронавирусро тасдиқ кард ва онро бояд тибқи механизми COVAX гирем. Ин AstraZeneca аст, ва моҳи март 732 ҳазор вояи он ба Тоҷикистон ворид мешавад. Феълан ҷониби Тоҷикистон шартнома имзо карда, ба истеҳсолкунанда фиристодааст", - гуфт Ҷаъфаров.
Вай гуфт, ки истеҳсолкунандаи асосии ваксинаи AstraZeneca дар Бритониёи Кабир ҷойгир аст, аммо онро дар корхонаҳои Ҳиндустон ва Кореяи Ҷанубӣ, ки созишномаи имзошудаи ҷониби Тоҷикистон ба он ҷо фиристода мешавад, низ истеҳсол мекунанд. 
Всемирный банк, офис в Вашингтоне - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.02.2021
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон барои хариди ваксина 8 миллион доллар ихтисос медиҳад
Наврӯз Ҷаъфаров мегӯяд дар мавриди интиқол ва нигоҳдории ваксин мушкилӣ пеш намеояд, зеро воситаҳои нақлиёт барои интиқол ва ҳамчунин макони нигаҳдории он аллакай омода шудааст.
Ба гуфтаи вай, ҳоло дар Тоҷикистон рӯйхатҳои шахсоне тартиб дода мешавад, ки аввалин шуда бар зидди коронавирус эм карда мешаванд.
Сардори Вазорати тандурустӣ гуфт, ки дар доираи механизми COVAX, эмкунии 20% аҳолии кишвар ба нақша гирифта шудааст. Нахуст гурӯҳҳои осебпазир, ки ба онҳо шаҳрвандони аз 70-сола боло, кормандони соҳаи тандурустӣ, кормандони гумрук ва нерӯҳои марзӣ шомиланд, эм мегиранд.
Ба гуфтаи вай, дар марҳилаи дуввум афроди аз 60-сола боло, баъд аз он - синнашон аз 50 боло эм карда мешаванд. Боқимондаи 42,5% аҳолӣ бо дигар доруҳое, ки Тоҷикистон онро дастрас мекунад, эм хоҳанд шуд.
Қаблан вазири тандурустии Тоҷикистон, Ҷамолиддин Абдуллоев зимни нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки дар масъалаи дастрас кардани ваксинаи сохти Русия, "Спутник V" ҳоло намояндагони ҳар ду кишвар машваратҳо баргузор мекунанд ва ба эҳтимоли зиёд ин ваксина низ ба Тоҷикистон ворид мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала