Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Берёзаҳои русӣ дар Балҷувон: дарахтҳо аз Русия расиданд

Берёзы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2021
Аз Русия ба ноҳияи кӯҳистони Балҷувони вилояти Хатлон 300 дона дарахти нодири берёза оварда шудааст
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Раиси ноҳияи мазкур Ҷализода Шералӣ иттилоъ дод, ки ба хотири сабзу хуррам гардонидани маркази ноҳия аз Русия 300 дона дарахти нодири берёза оварда шуд, менависад сомонаи рӯзномаи “Фараж”.
Председатель Маджлиси Милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Председатель Душанбе Рустам Эмомали присутствовал на посадке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.12.2020
Рустами Эмомалӣ ба масҷид рафту дарахт шинонд-акс
Раиси ноҳия таъкид доштааст, ки дарахтони овардашуда дар гулгашти марказии ноҳия шинонида шудаанд.
Гуфта мешавад, масъулони ноҳияи мазкур нақша доранд, ки дар оянда шумораи чунин дарахтони нодирро бештар кунанд, зеро аз ин дарахт дар баъзе аз кишварҳо масолеҳи сохтмонӣ, ба мисли тахта, истеҳсол карда мешавад.
Зикр мегардад, ки бинокорон сифати тахтаи аз берёза омодашударо нисбат ба масолеҳе, ки аз дарахтон дигар омода мешавад, хуб арзёбӣ мекунанд.
Бояд қайд кард, ки солҳои ахир дар Тоҷикистон маъракаи бузурги дарахтшинонӣ оғоз ёфтааст. Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади гузаронидани корҳои ободонӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонро босуръат идома доранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала