Кумитаи андози Тоҷикистон Facebook-ро ҳамчун андозсупоранда сабти ном кард

© Sputnik / Амир ИсаевВывеска на здании Налогового комитета при правительстве РТ. Архивное фото
Вывеска на здании Налогового комитета при правительстве РТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2021
Обуна шудан
Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯяд, сомонаи иҷтимоии Facebook дар кишвар ҳамчун як андозсупоранда сабти ном шудааст
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Бино ба иттилои сомонаи расмии ин ниҳод, ширкатҳое Facebook, Ireland Ltd, Doodle inc, Novatech IT ltd ва Xsolla (USA) Inc дар Кумитаи андози Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд.
Презентация нового сервиса Google Android Pay в России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.01.2021
"Андоз аз Google" ба Тоҷикистон чӣ меорад
Ба иттилои манбаъ, ширкатҳои мазкур ҳамчун супорандаи андоз аз арзиши иловашуда тавассути вебсайти расмии Кумита andoz.tj сабти ном шудаанд.
Ин ниҳод ҳамзамон, омодагии худро барои кумак ба шахсони хориҷӣ дар риояи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ изҳор намуда, гуфтааст дар ҳолати зарурӣ ҷомеаи соҳибкоронро бо маълумоти зарурӣ таъмин менамояд.
Тибқи иттилои Кумита, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 17 декабри соли 2020, № 1744, шахсони хориҷӣ хизматрасониҳои электронӣ мустақиман ба шахсони воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар асоси пешниҳоди ариза дар шакли тасдиқнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ба қайд гирифта шаванд.
Аз канали Зеваров то "Дугонаҳо"-ву "ORZU": Кумитаи андоз 10-гонаи блогерҳоро ҳисоб кард
Тибқи тағйирот, аз соли 2021 шахсони хориҷӣ ва ширкатҳое, ки дар қаламрави Тоҷикистон хидматҳои электронӣ мерасонанд, вазифадоранд, ки ба буҷети кишвар 18% андоз аз арзиши иловашуда пардохт кунанд.
Кумитаи андози ҷумҳурӣ қаблан гуфта буд, ки чунин қарор дар робита ба рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва тиҷорати интернетӣ гирифта шудааст.
Поисковая система Google на экране сотового телефона - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.01.2021
Пулро Сукерберг медиҳад ё корбари тоҷик: азми Душанбе барои андозгирӣ аз Facebook-у Google
Ариза барои бақайдгирӣ бояд на дертар аз 30 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи оғози хизматрасонӣ пешниҳод карда шавад. Раёсат муайян намекунад, ки кадом ширкатҳои хориҷӣ аллакай расмиёти сабти номро гузаштаанд.
Ин таҷриба дар Русия аз соли 2017 ба ин сӯ амалӣ мешавад. Шароит комилан якхела аст.
Маҳсулоте, ки ба иловапулӣ дода мешавад, бозиҳо, китобҳо, мусиқӣ, филмҳо, инчунин хидматҳои электронӣ, таблиғ, IT ва дастгирии вебсайтро дар бар мегирад.
Тасмими андозбандӣ кардани "Google” аз сӯи раҳбарияти Кумитаи андоз дар Тоҷикистон ҳануз аз соли 2015 пешниҳод шуда буд.
Раиси Кумитаи андоз он замон пешниҳод карда буд, ки дар Тоҷикистон низ аз ширкатҳои хориҷие, ки хизматрасониҳои электорониро пешниҳод мекунанд, андоз ситонида шавад.
"Андоз аз Google" ба Тоҷикистон чӣ меорад
Ба гуфтаи раиси кумита Нусратулло Давлатзода, ҷамъ кардани андоз аз ширкатҳои Google, Facebook, Apple ва Microsoft имконият медиҳад, ки будҷаи Тоҷикистон як манбаи дигари даромад пайдо кунад.
Лентаи хабарҳо
0