Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Суҳбати Нигина Амонқулова: аз шармгинӣ то тағйири андом ва тақсимоти пироҳанҳои атлас

© instagram / Нигина АмонкуловаНигина Амонкулова
Нигина Амонкулова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2021
Нигина Амонқулова сарояндаи машҳури Тоҷикистон бори аввал бо мухлисони худ дар Instagram суҳбат кард
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Сарояндаи номдори тоҷик Нигина Амонқулова дар сторисаш дар Instagram ба саволҳои сершумори ҳамвандонаш посух дода, сабаби фаъол набуданаш дар шабакаҳои иҷтимоиро гуфт.
Ба гуфти сароянда барояш пост кардани акси нав ё суҳбат дар шабакаҳои иҷтимоӣ бисёр кори душвор аст.
"Ман бисёр шармгин ҳастам барои ман бисёр мушкил аст пост кардани акс", - гуфт Нигина Амонқулова.
Нигина мегӯяд интизор набуд, ки ин қадар саволҳо зиёд  ва таваҷҷуҳ нисбати санъати ӯ бисёр аст. Ӯ ҳамчунин ба саволи мухлисон дар бораи консертҳо посух гуфт.
Продюсер и певец Бехруз Зеваров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.12.2020
Беҳрӯз Зеваров аз ду соли қаҳрӣ бо Нигина Амонқулова гуфт: байни ҳунармандон ҳам мешавад
Ба иттилои Нигина имсол сароянда нақша дорад консерти зиндаи худро дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ баргузор кунад.
Ба савол дар бораи ворид кардани дигаргунӣ ба андоми худ, сароянда посух дод, ки намехоҳад чизеро дигар кунад, балки талош дорад он чеҳрае ки дорад, ҳифз кунад.
Нигина ҳамчунин гуфт, пироҳанҳои аз атлас дӯхтаи худро пас аз ҳунарнамоӣ куҷо мекунад.
Ба гуфти сароянда ӯ куртаҳояшро ҳар сол "ба онҳое, ки даркор ҳастанд", тақсим мекунад.
Дар охири суҳбат Нигина мухлисонашро бо омади фасли баҳор, иди Модарон ва Наврӯз муборакбод гуфта, ваъда дод, ки чунин суҳбатҳоро бештар мекунад.
Ёдрас мешавем, ки Нигина Амонқулова 15 сол мешавад, ки рӯи саҳнаи эстрадаи тоҷик аст. Ӯро мардум бо сурудҳои лирикӣ ва пироҳанҳои зебои миллиаш мешиносад.
Нигина аз соли 2007 инҷониб дар шаҳри Душанбе истиқомат мекунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала