https://sputnik-tj.com/20210303/Qulla-Badakhshon-ba-nomi-akademik-Rahim-Masov-1032935063.html
Қуллаи шаш ҳазор метра дар Бадахшон ба номи академик Раҳим Масов гузошта шуд
Қуллаи шаш ҳазор метра дар Бадахшон ба номи академик Раҳим Масов гузошта шуд
Яке аз қуллаҳои баланди деҳаи Лангари ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон номи Раҳим Масовро гирифт 03.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-03T19:40+0500
2021-03-03T19:40+0500
2021-03-03T19:09+0500
ишкошим
бадахшон
раҳим масов
тоҷикистон
дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/03/1032935016_0:0:1000:566_1920x0_80_0_0_a3e1cc953fa60ccb18bb2156df763b93.jpg
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Қуллае бо баландии шаш ҳазор метр дар ҳудуди деҳаи Лангари ноҳияи Ишкошим ба номи академик Раҳим Масов гузошта шуд, иттилоъ додааст сомонаи рӯзномаи давлатии “Ҷумҳурият”.Гуфта шудааст, ки ин иқдом дар асоси тасмими иҷлосияи навбатии маҷлиси вакилони мардуми ноҳияи Ишкошими ВМКБ амалӣ гардид.Раҳим Масов аз маъруфтарин таърихнигорони тоҷик буда, муаллифи китобҳои "Таърихи тақсимоти табарӣ" (бо номи “Таърихи табартақсим” машҳур аст), “Тоҷикон: таърих таҳти муҳри “қатъиян сиррӣ”, “Тоҷикон: фишор ва иқдом” ва дигар китобу мақолаҳост.Бояд қайд кард, ки ахиран Ҳукумати Тоҷикистон бо қабули як қатор қарорҳо пешниҳоди вакилони маҳаллиро барои тағйири номи муассисаҳо ва мавзеъҳои ҷуғрофӣ дар ВМКБ ҷонибдорӣ кардааст.Тибқи иттилои котиботи ҳукумати ВМКБ, фурудгоҳи шаҳри Хоруғ ба номи собиқ сардори фурудгоҳи мазкур, корманди шоистаи авиатсия ва нақлиёти ҷумҳурӣ, Махсутшоев Дилдорбек гузошта шуд.Ҳукумати Тоҷикистон инчунин қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ишкошимро дар бораи тағйир додани номи қуллаи Комсомоли Украина ҷонибдорӣ намудааст. Номи нави ин қулла Боми Ҷаҳон мебошад.Инчунин Ҳукумат қарори маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дарвоз дар бораи номгузорӣ намудани мактаби №39-и деҳаи Пастироҳи ноҳияи Дарвоз ба номи Сафаров Сафар ва мактаби № 23 –и деҳаи Жаки ноҳияи Дарвоз ба номи Исломов Садриддинро тасдиқ кардааст.
https://sputnik-tj.com/20210228/qarori-hukumat-tagyir-Khoruq-Bomi-jahon-1032908209.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/03/1032935016_0:0:1000:628_1920x0_80_0_0_7531d01821798efb144481884f1cb23a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
ишкошим, бадахшон, раҳим масов, тоҷикистон, дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо
Қуллаи шаш ҳазор метра дар Бадахшон ба номи академик Раҳим Масов гузошта шуд
Яке аз қуллаҳои баланди деҳаи Лангари ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон номи Раҳим Масовро гирифт
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Қуллае бо баландии шаш ҳазор метр дар ҳудуди деҳаи Лангари ноҳияи Ишкошим ба номи академик Раҳим Масов гузошта шуд, иттилоъ додааст сомонаи рӯзномаи давлатии “Ҷумҳурият”.
Гуфта шудааст, ки ин иқдом дар асоси тасмими иҷлосияи навбатии маҷлиси вакилони мардуми ноҳияи Ишкошими ВМКБ амалӣ гардид.
Раҳим Масов аз маъруфтарин таърихнигорони тоҷик буда, муаллифи китобҳои "Таърихи тақсимоти табарӣ" (бо номи “Таърихи табартақсим” машҳур аст), “Тоҷикон: таърих таҳти муҳри “қатъиян сиррӣ”, “Тоҷикон: фишор ва иқдом” ва дигар китобу мақолаҳост.
Бояд қайд кард, ки ахиран Ҳукумати Тоҷикистон бо қабули як қатор қарорҳо пешниҳоди вакилони маҳаллиро барои тағйири номи муассисаҳо ва мавзеъҳои ҷуғрофӣ дар ВМКБ ҷонибдорӣ кардааст.
Тибқи иттилои котиботи ҳукумати ВМКБ, фурудгоҳи шаҳри Хоруғ ба номи собиқ сардори фурудгоҳи мазкур, корманди шоистаи авиатсия ва нақлиёти ҷумҳурӣ, Махсутшоев Дилдорбек гузошта шуд.
Ҳукумати Тоҷикистон инчунин қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ишкошимро дар бораи тағйир додани номи қуллаи Комсомоли Украина ҷонибдорӣ намудааст. Номи нави ин қулла Боми Ҷаҳон мебошад.
Инчунин Ҳукумат қарори маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дарвоз дар бораи номгузорӣ намудани мактаби №39-и деҳаи Пастироҳи ноҳияи Дарвоз ба номи Сафаров Сафар ва мактаби № 23 –и деҳаи Жаки ноҳияи Дарвоз ба номи Исломов Садриддинро тасдиқ кардааст.