Рустами Эмомалӣ бо вакилони шаҳрӣ масъалаи рушди саноати шаҳрро баррасӣ мекунад

© ФФТ Рустам Эмомали президент ФФТ
Рустам Эмомали президент ФФТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2021
Мақомоти шаҳри Душанбе санаи баргузории иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи пойтахтро эълон карданд
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарореро ба имзо расонд, ки тибқи он санаи баргузории иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум маълум шудааст.
Центр города Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.01.2021
Пеш аз паёми раисҷумҳур: Рустами Эмомалӣ вакилонро ба маҷлис даъват кард
Тибқи қарори мазкур ҷаласаи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе санаи 17 март баргузор хоҳад шуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, дар рӯзномаи иҷлосия баррасии масоили марбут ба рушди саноат дар шаҳр, вазъи истифодаи моликияти коммуналӣ дар пойтахт зикр шудаанд.
Ҳамзамон дар қарор аз вакилон дархост шудааст, ки то 15 март бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия таклифҳои мушаххас пешниҳод намоянд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала