Тоҷикистон бо Тринидад ва Тобаго муносибатҳои дипломатӣ барқарор кард

© ВКХБарқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тринидад ва Тобаго
Барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тринидад ва Тобаго - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2021
Баёния оид ба барқарор кардани муносиботи дипломатӣ бо Ҷумҳурии Тринидад ва Тобаго дар Ню-Йорк имзо шудааст
ДУШАНБЕ, 3 мар - Sputnik. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тринидад ва Тобаго муносибатҳои дипломатӣ барқарор карданд.
Намояндагони Тоҷикистон ва Подшоҳии Эсватини - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.11.2018
Тоҷикистон бо як кишвари дигари ҷаҳон равобити дипломатӣ барқарор кард
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бино ба гузориши ин ниҳод, рӯзи 26 феврал дар Ню-Йорк маросими имзои баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тринидад ва Тобаго баргузор гардид.
Баёнияи муштаракро аз ҷониби Тоҷикистон намояндаи доимии ҷумҳурӣ дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов ва аз ҷониби Тринидад ва Тобаго кордори Намояндагии доимии он кишвар дар СММ Орделл Барман ба имзо расониданд.
Ҷумҳурии Тринидад ва Тобаго байни уқёнуси Атлантика ва баҳри Кариб ҷойгир аст.
Кишвар дар ду ҷазираи калон - Тринидад ва Тобаго ва ҷазираҳои сершумори хурд аз қабили Чакачакаре, Монос, Хуевос, Гаспар Гранде, Тобагои Литл, Ҷазираҳои Сент-Гилз ва ғайра, ҷойгир аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала