Вокуниши хонаводаи Баҳром Ғафурӣ ба қатъи парвандаи Ислом Анварзода

© Facebook / Бахром ГафуриПевец Бахром Гафури
Певец Бахром Гафури - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2021
Хонаводаи Баҳром Ғафурӣ, овозхони маъруфи тоҷик, ки моҳи августи соли гузашта дар пайи як садамаи нақлиётӣ аз олам чашм пӯшид, ба қатъи парвандаи Ислом Анварзода, муовини пешини прокурори ноҳияи Фирдавсӣ, вокуниш кард
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Анвар Ғафурӣ, бародари бузурги Баҳром Ғафурӣ, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, хонаводаи онҳо аз ҳамон оғоз ҳеҷ даъвое алайҳи Ислом Анварзода надошт ва ин мавқеи худро ба мақомоти тафтишотӣ низ изҳор доштаанд.
“Мо минҳайси як мусулмон марги ҷигарбанди худро аз Худованд медонем, на аз бандааш. Дар ҳамон оғоз, ки маро ба Прокуратураи генералӣ даъват карда буданд, ин назари хонаводаамонро расонда будам. Ин даъватҳо як-ду маротиба сурат гирифтанд, аз он пас мо дигар хабар надорем, ки чӣ иттифоқ афтод”, - гуфт Анвар Ғафурӣ.
Баҳром Ғафурӣ, овозхони маъруфи тоҷик, субҳи 7 августи соли 2020 дар як садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшид. Бино ба ахбори расмӣ, сари чанбари мошине, ки овозхон низ аз мусофиронаш буд, Ислом Анварзода, он замон муовини прокурори ноҳияи Фирдавсӣ нишаста буд.
Маросими дафни Баҳром Гафурӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2021
"Юбилей" - и Баҳром бе ӯ: ёди дӯсти Ғафурӣ аз ҷашнҳои зодрӯз, туҳфаи дӯстдошта ва нақшаҳо
Ба қавли табибон, мавсуф дар пайи ин садама аз дасти рости худ маҳрум шуда, аз ноҳияи пойи росташ ҷароҳати вазнин бардошт ва нахуст дар шифохонаи Қарияи Боло, сипас шифохонаи “Мадади Акбар” ҳудуди як моҳ дар ҳолати беҳушӣ қарор дошт.
Нафари сеюм Баҳодур Зарипов, яке аз рафиқони Ислом Анварзода, ки дар мошин ҳузур дошт, низ ҷароҳат бардошта, аз шифохона рухсат шудааст.
Бародари бузурги Баҳром Ғафурӣ мегӯяд, ӯ бо иттифоқи бародаронаш чанд маротиба ба аёдати Ислом Анварзода рафт, аммо ҳар дафъа Ислом Анварзода дар ҳолати беҳушӣ қарор дошт.
“Падару модар ва хешовандони Ислом низ ба хонаи мо омада, бо падару модарам суҳбат карда буданд. Ҳамон замон ҳам падару модарам гуфта буданд, ки мо марги ҷигарбанди худро аз Худованд медонем. Баҳрому Ислом рафиқони дерина буданд ва мо бовар дорем, ки садама ҳам як кори барқасдона набуд. Ин садама на фақат хонаводаи мо, балки хонаводаи Исломро низ ба мусибат шинонд. Аз ин хотир, аз оғоз мо ҳеҷ даъвое надоштем”, - гуфт Анвар Ғафурӣ.
Ҳамон моҳи августи соли гузашта прокуратураи шаҳри Душанбе алайҳи Ислом Анварзода, собиқ муовини прокурори ноҳияи Фирдавсӣ, аз рӯи моддаи 212, қисми 4-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - “Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва истифодаи нақлиёт” – парванда оғоз шуда буд.
Парванда алайҳи ронандаи мошине, ки дар пайи садамаи он Баҳром Ғафурӣ ҳалок шуд
Тафсилоти ин парванда маълум нест. Дар ҳамин ҳол, бархе расонаҳо хабар доданд, ки ин парванда аз сӯи прокуратура ба хотири “маълум набудани маҳалли истиқомат” – и муҷрим қатъ шудааст.
Аммо дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон ин хабарро таъйид накарданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала