Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Ронанда кӯдаки аз ошёнаи 12 -ум сарозершударо наҷот дод — видео

Замони сарозер шудани кӯдак, Нгуен худро гум кард, вале дере нагузашта дастонашро пеш гузошт, то духтаракро наҷот диҳад
Дар пойтахти Ветнам - Ханое ронандаи 31-сола духтаракро, ки аз ошёнаи 12 - ум сарозер шуд, наҷот дод. 
Строительство ЖК Южная Битца в Подмосковье - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.02.2021
Ҳалокати муҳоҷири 27-солаи тоҷик дар шаҳри Маскав: аз баланди ба замин сарозер шуд
Ҷавони қаҳрамон Нгуен Нгок Манх ном дорад. Ӯ дар дохили мошин буд вақте, гиряи кӯдак ва овози баланди занона ба гӯшаш расид. Аз дохили худрав берун баромада ронанда дид, ки кӯдак дар беруни балкон дар баландии тақрибан 50 метр қарор дорад. Мард болотар баромад, то дар сурати афтодан, кӯдакро наҷот диҳад.
Замони сарозер шудани кӯдак, Нгуен худро гум кард, вале дере нагузашта дастонашро пеш гузошт, то духтаракро наҷот диҳад. 
Ронанда ба болои бом чунин сахт зад, ки паи танаш онро маҷак кард. 
"Хушбахтона кӯдак ба домани ман афтид. Ман даррав ӯро оғӯш кашидам, баъд дидам, ки аз даҳонаш хун ҷорӣ шуд, ман хеле тарсидам", - нақл мекунад Нгуен.
 Бино ба гуфти пизишкон дасту пои духтарак шикастаанд. Духтурон вазъи духтаракро муътадил арзёбӣ карданд. Ронанда низ ҷароҳат бардошт.
© Vietnam TimesНгуен Нгок Манх - спас сорвавшуюся с балкона девочку
Нгуен Нгок Манх - спас сорвавшуюся с балкона девочку - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2021
Нгуен Нгок Манх - спас сорвавшуюся с балкона девочку
Корбарони интернет ронандаро қаҳрамон унвон карданд. Сарвазири кишвар барои чунин корнамоӣ ба ронанда изҳори сипос карда, пешниҳод кард, ки ӯро қадрдонӣ кунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала