Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Тарафдору зид: вокунишҳо ба пешниҳоди Жириновский оид ба вилоят шудани Душанбе дар Русия

© Sputnik / Максим Блинов / Гузаштан ба хазинаи аксРуководитель ЛДПР Владимир Жириновский
Руководитель ЛДПР Владимир Жириновский  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2021
Пешниҳоди ахири роҳбари Ҳизби либерал-демократи Русия Владимир Жириновский дар бораи пайваст намудани Тоҷикистон ба ҳайси як вилоят ба ҳайати Русия миёни корбарони Фейсбук вокунишҳои зиёдеро ба бор овард
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Аксари корбарони Фейсбук ба ин пешниҳоди сиёсатмадори рус вокуниши шадид нишон дода, суханони роҳбари Ҳизби либерал-демократи Русияро ғайривоқеъӣ хонданд.
Миёни корбарони Фейсбук нафароне ҳастанд, ки пешниҳоди Жириновскийро қабул доранд. Барои мисол корбари фейсбук, Ёсин Ёсин навиштааст, ки бисёр хуб мешавад. "Бе ин ҳам ҳар як тоҷик гирифтани шаҳрвандии Русияро орзу мекунад", - шарҳ додааст ӯ.
Зинагули Ширин навиштааст, "вақте шумораи зиёди тоҷикистониён мехоҳанд шаҳрванди Русияро ба даст биёранд ва солҳои зиёд дар онҷо кору фаъолият мекунанд, албатта ин ҳолат рух медиҳад". Ӯ мегӯяд, аз чунин пешниҳоди Жириновский набояд дар тааҷҷуб афтид.
Муамар Раҳимов зикр кардааст, ки ҷои хафа шудан нест, шояд ӯ рост мегӯяд. Ба таъкиди ӯ, "80 фоизи мардум интизори он ҳастанд, ки роҳ кушода шаваду мардум ба Русия раванд".
© FacebookПоложительные комментарии на слова Жириновского в Facebook
Положительные комментарии на слова Жириновского в Facebook - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2021
Положительные комментарии на слова Жириновского в Facebook
Исҳоқи Нурмаҳмад кӯтоҳ навиштааст: "Ман фикр мекунам ӯ дуруст мегӯяд".
Аммо аксари корбарон ба пешнищоди оцои жириновский вокуниши шадид нишон доданд. Барои мисол Абдулло Давлатов пизишки саршиноси тоҷики муқими Маскав дар саҳифаи худ дар шарҳи ин нуқтаи назари Жириновский андешаи Гегелро овардааст: "Таърих ду бор такрор мешавад: бори аввал фоҷеавор, бори дуввум ҳамчун мазҳака"
Ӯ ҳамзамон аз як навиштаи олими тоҷик бе зикри номаш ёдовар шудааст: "Мӯҳтарам ҷаноби Горбачёв! Ман боварӣ дорам, ки Шумо дар якҷоягӣ бо Елтсин ИҶШС-ро пароканда мекунед ва чунон хоҳед кард, ки баъди чанд сол собиқ ҷумҳуриҳои Шӯравӣ ба зонӯ зада, зери қанати Русия баргаштанро орзӯ мекунанд". 
 
Корбари дигари Фейсбук Абдуразоқ Абдуваҳобов навиштааст, ки роҳбари Ҳизби либерал-демократи Русия сиёсатмадори ботаҷриба аст ва гоҳу ногоҳ ҳаргуна сафсата мегӯяд ва дар Русия ба суханони ӯ мардум одат кардаанд.
Абдуваҳобов ба мардуми Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки ба гуфтаҳои Жириновский аҳамият надиҳанд. Ӯ гуфт "саг меҷакаду корвон меравад!"
© FacebookОтрицательные комментарии на слова Жириновского в Facebook
Отрицательные комментарии на слова Жириновского в Facebook - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2021
Отрицательные комментарии на слова Жириновского в Facebook
Облоқул Мирзоев шарҳ додааст, ки Русия ҳоло Иттиҳоди Шӯравӣ  ва ҳам кишвари сотсиалистӣ нест. Ӯ мегӯяд, "бояд шукронаи давлату давлатдории худ кунем".
Дар ҳамин ҳол, миёни корбарони Фейсбук назарҳои мазҳакавӣ ҳам кам набуданд.
Барои мисол, Одилшо Урозов, нимшӯхиву нимҷиддӣ навиштааст, ки "агар 6 моҳи дигар Русия роҳро боз накунад, 80 фисади тоҷикон ин пешниҳодро тарафдорӣ мекунанд, зеро Ватани дуюми тоҷикон ин Русия мебошад.
Хайрулло Насриддинов навиштааст, ки Тоҷикистон соҳибистиқлол аст ва ба Жириновский муроҷиат кардааст, ки рақамҳои телефонашро монад, "агар пешниҳодаш ба мардум маъқул шуд, зангаш мезананд".
Зимнан корбари дигар Эмомалӣ Азимов низ танзомез ҳам суолгузорӣ карда, ва худ ба он посух додаас. "Пойтахти Русия чӣ ном дорад?, Маскавобод!".
© FacebookШуточные комментарии на слова Жириновского в Facebook
Шуточные комментарии на слова Жириновского в Facebook - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2021
Шуточные комментарии на слова Жириновского в Facebook
Сураё Курбонова бар ин бовар аст, ки ин ҳама ба омадани баҳор рабт дорад. Дар омад - омади баҳор нафарони мариз ҳамин хел мешаванд.
Ёдовар мешавем, роҳбари Ҳизби либерал - демократи Русия Владимир Жириновский аснои суҳбат бо радиои "Говорит Москва" таъкид ба шомил кардани 14 ҷумҳурии собиқ Иттиҳоди Шӯравиро ба ҳайати Русия намуд.
Жириновский аз ҷумла пешниҳод намуд, ки Тоҷикистон бояд ҳамчун вилояти Душанбе ба ҳудуди Русия шомил шавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала