Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Google ҳам дар Тоҷикистон ҳамчун андозсупоранда ба қайд гирифта шуд

CC BY 2.0 / frankieleon / google snail mailЛоготип компании Google, архивное фото
Логотип компании Google, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2021
Ба дунболи сомонаи иҷтимоии Facebook, ширкати Google низ дар Тоҷикистон ҳамчун андозсупоранда ба қайд гирифта шуд
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Кумитаи андоз иттилоъ медиҳад, ки 3 март, ширкати бузурги онлайнии Google дар ин ниҳод ҳамчун супорандаи андоз аз хизматрасониҳои электронӣ, ки аз ҷониби шахсони хориҷӣ анҷом дода мешаванд, ба қайд гирифта шуд.
Ин ниҳод мегӯяд, қонуне, ки тибқи он шахсони хориҷӣ аз хизматрасониҳои электронӣ бояд ба буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон андоз аз арзиши иловашуда пардохт кунанд, 17 декабри соли 2020 қабул карда шуд.
Вывеска на здании Налогового комитета при правительстве РТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2021
Кумитаи андози Тоҷикистон Facebook-ро ҳамчун андозсупоранда сабти ном кард
Кумита шарҳ дода, ки амали Қонун ба шахсони хориҷие тааллуқ дорад, ки ба шахсони воқеӣ дар Тоҷикистон хизматрасониҳои рақамиро анҷом медиҳанд.
Тибқи Қонун, ширкатҳои хориҷӣ уҳдадоранд на дертар аз 20 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи оғоз намудани хизматрасониҳои электронӣ дар мақомоти андоз ба қайд гиранд. Минбаъд, эъломияи ААИ ба мақомоти андоз тавассути утоқи шахсии андозсупоранда, ки бо забони англисӣ дастрас аст, пешниҳод карда мешавад.
Кумитаи андоз инчунин қайд менамояд, ки ба ғайр аз ширкатҳои бузурги Google ва Facebook, чунин ташкилотҳои хориҷӣ, ба монанди Doodle inc, Novatech IT ltd ва Xsolla (USA) Inc ба қайд гирифта шудаанд, ва барои бақайдгирии субъектҳои хориҷии дигар Кумита бо намояндагони Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (ОЭСР) ва ширкатҳои интернетӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодааст.
Тасмими андозбандӣ кардани "Google” аз сӯи раҳбарияти Кумитаи андоз дар Тоҷикистон ҳануз аз соли 2015 пешниҳод шуда буд.
Раиси Кумитаи андоз он замон пешниҳод карда буд, ки дар Тоҷикистон низ аз ширкатҳои хориҷие, ки хизматрасониҳои электорониро пешниҳод мекунанд, андоз ситонида шавад.
"Андоз аз Google" ба Тоҷикистон чӣ меорад
Ба гуфтаи раиси кумита Нусратулло Давлатзода, ҷамъ кардани андоз аз ширкатҳои Google, Facebook, Apple ва Microsoft имконият медиҳад, ки будҷаи Тоҷикистон як манбаи дигари даромад пайдо кунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала