Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Маҳмадбоқиров, яке аз лидерони ғайрирасмии Бадахшон аз беморхона мураххас шуд

© © Sputnik / Амир ИсаевПост БДА в Хороге, архивное фото
Пост БДА в Хороге, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2021
Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, ки дар Маркази тиббии Оқохон дар шаҳри Хоруғ табобат мегирифт, мураххас шуддааст
ДУШАНБЕ, 4 мар – Sputnik. Маҳмадбоқир Маҳмадбоқирови 58-сола, полковники пешини нерӯи марзбонии Тоҷикистон  58-сола, ки аз лидерони ғайрирасмӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ном бурда мешавад, беш аз ду ҳафта дар Маркази тиббии Оқохон табобат гирифтааст.
Пост при въезде в Горно-Бадахшанскую автономную область - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.10.2018
Эълони огоҳии расмӣ ба 7 “саркарда”-и гуруҳҳои ҷиноии ВМКБ ва савгандашон бо имзо (ВИДЕО)
Як манбаи Sputnik Тоҷикистон аз беморхонаи мазкур гуфт, ҳоло вазъи Маҳмадбоқиров куллан хуб шудааст.
"Саломатии Маҳмадбоқир куллан хуб шуд ва мо тасмим гирифтем, ки мураххас кунем. Субҳи имрӯз ҷавоб додем".
Қаблан манобеи Sputnik Тоҷикистон гуфта буданд, ки Маҳмадбоқиров бо таби баланд ба беморхона оварда шуд ва вазъаш баъди табобат беҳбуд ёфт.
Ин мабаъ гуфта буд, ки Коронавирус дар баданаш ошкор нашудааст ва мушкили ҷиддие бо саломатӣ надорад.
Дар мавриди сарусадо дар бораи эҳтимоли заҳролудшавии Маҳмадбоқиров, мусоҳиб таъкид карда буд, ки ҳеч чунин нишонаеро дар баданаш ошкор накардаанд. Аммо наздиконаш мегӯянд, бархе осори заҳролудшавии Маҳмадбоқиров дар марҳилаи аввали бадшавии вазъияташ ба назар мерасиданд. 
Қаблан мақомоти Тоҷикистон аз Маҳмадбоқиров Маҳмадбоқир ва 6 нафари дигар “саркардаҳои гуруҳи ҷиноӣ” дар ВМКБ ном бурда, иттилоъ доданд, ки дар алоҳидагӣ нисбати ҳар яки онҳо огоҳии расмӣ эълон карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала