Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Навори бозпурсии ноболиғе, ки ҳамсинфашро нахуст бо санг кушту пасон оташ зад - видео

Задержание, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2021
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон навори бозпурсии ноболиғи 17-соларо, ки дар қатли бераҳмонаи ҳамсинфаш гумонбар дониста мешавад, нашр кард
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Вазорати умури дохила ахиран дар ин бора шоми 3-юми март гузориши телевизионӣ нашр кард.
Ин ниҳод, сабаби қатли Ҳоким Бобоев, навраси 17-соларо дар ноҳияи Рӯдакӣ ба "муноқишаи миёни ду ҳамсинф" ва "хусумати кӯчак" рабт додааст.
Гуфта мешавад ҳоло қотили Ҳоким Бобоев боздошт шудааст.
ВКД қайд кардааст, ки беназоративу бемасъулиятии волидайн ва таваҷҷуҳ накардан ба рафтору кирдор  фарзандони ноболиғ ба он оварда мерасонад, ки ноболиғон ба ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин даст зананд.
"Чунин як бемасъулиятии волидайн ва масъулини муассисаи таълимӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ба он анҷомид, ки як нафар ноболиғи 17 сола аз ҷониби ҳамсоли хеш бо як бераҳмии махсус ба ҳалокат расонида шуд”, - иттилоъ дод манбаъ.
Гуфта мешавад, ки ҷиноят 25-январи соли равон дар ҳудуди деҳаи чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ дар заминаи хусумати кучак содир гардид.
“Ҳамсолон миёни ҳам муноқиша карда, сипас, гумонбар бо мақсади аз ҳаёт маҳрум кардани ҳамсинфи хеш дар яке аз манзилҳои нотамом бо санг ба сару рӯйи дувумӣ зада, ба ҳалокат расондааст", - гуфта шуд дар гузориши расмии Вазорати корҳои дохилӣ.
Худи гумонбаршаванда зимни бозпурсӣ дар ҷойи ҳодиса гуфт: “Санга гирифтам бар сараш задам, ҳички нафаҳма гуфта дар инҷо оташаш задам” .
ВКД-и Тоҷикистон таъкид доштааст, ки гумонбаршаванда барои рӯйпӯш кардани ҷиноят ва аз байн бурдани изи ҷиноят шабона ба макони ҳодиса омада тавасути сӯзишворӣ ҷасади ҳамсинфашро оташ задааст.
ВКД-и Тоҷикистон зикр кардааст, ки вобаста ба ҳолати ҷойдошта аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ бо дастрасии моддаи 104 қисми 2-и Кодекси Ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғаз гардида дар ҳолати тафтишот қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала