Омори фавт дар Суғд: соли гузашта 13,9 ҳазор нафар ҷон бохт

© Sputnik / Амир ИсаевМужчина совершает молитву на кладбище
Мужчина совершает молитву на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2021
Масъулони Идораи омор дар вилояти Суғд, шумори фавти сокинон дар соли 2020 ро шарҳ доданд. Бино ба рақамҳои оморӣ дар ин давра 13 ҳазору 930 нафар аз олам даргузаштаанд
ДУШАНБЕ, 4 мар – Sputnik. Ин рақам дар муқоиса ба як соли гузашта 2 ҳазору 770 ҳолат зиёд будааст. Ҳокимбек Накҳатзода, сардори Сарраёсати омор дар вилояти Суғд, зимни матбуотӣ бо ироаи ин рақам гуфт, ки зиёдшавии фавт дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят сабт шудааст.
Ӯ дар посух ба саволи рӯзноманигорон, дар бораи сабабҳои зиёдшавии марг изҳори бехабарӣ карда гуфт, ки ниҳоди онҳо танҳо рақамҳоро сабт мекунад.
“Мо танҳо шумори фавтро ба қайд мегирем. Оиди ин, ки ба кадом сабаб фавтиданд, ё чи беморӣ доштанд, инро дар Раёсати тандурустӣ таҳқиқ мекунад”, - гуфт Накҳатзода.
Бино ба иттилоъи масъулини Идораи омор, дар умум соли 2020, 13 ҳазору 930 ҳолати фавти сокинон сабт шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба соли 2019, 2 ҳазору 770 маврид бештар будааст.
Люди в медицинских масках на автобусной астановке в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2021
Вазорати тандурустӣ: вазъи санитарию эпидемиологӣ дар Тоҷикистон муътадил аст
Бар пояи маълумоти расмӣ зиёдшавии маргу мир дар шаҳру навоҳии Суғд аз ҷумла ноҳияи Айнӣ 96 нафар, Ашт 140, ноҳияи Б. Ғафуров 525 нафар, Панҷакент 268, Конибодом 42, Хуҷанд 397, Истаравшан 333, Исфара 227, Деваштич 148, Ҷ. Расулов 203, Спитамен 113, Мастчоҳ 47, Зафаробод 94, Гулистон 24, Шаҳристон 67, Бӯстон 35, Истиқлол 6 ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 6 нафари зиёд дар муқоиса ба соли гузашта ба қайд гирифта шудааст.
Дар вилояти Суғд соли гузашта дар умум 13 ҳазору 930 нафар фатидаанд, ки ин рақам дар муқоиса ба соли 2019, 2 ҳазору 770 ҳолат зиёд гуфта мешавад. Соли 2019 фавти 11 ҳазору 160 нафар ба қайд гирифта шудааст.
Дар ҳамин ҳол бино ба иттилоъе, ки аз Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Суғд ба Sputnik Тоҷикистон ироа намуданд, соли 2020 дар вилояти Суғд таваллуди 63 ҳазору 724 тифл сабт шудааст.
Ин шумора назар ба соли 2019, 1033 маврид бештар рақам зада мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала