Пешниҳоди сафири Русия ва китобе дар бораи созандагони Душанбе

© Пресс-служба посольства России в ТаджикистанеЧрезвычайный и Полномочный посол России в Таджикистане Игорь Лякин-Фролов
Чрезвычайный и Полномочный посол России в Таджикистане Игорь Лякин-Фролов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2021
Сафири Русия дар Тоҷикистон мегӯяд, барои гиромидошти номҳои меъморон насби лавҳае бо номи онҳо дар биноҳое, ки сохтаанд, як кори хубе хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Ахиран дар Душанбе муаррифии китоби “Эҷодиёти меъморони Ленинград дар Душанбе” баргузор шуд.
Игор Лякин – Фролов, ки дар расми муаррифии китоби “Эҷодиёти меъморони Ленинград дар Душанбе” суҳбат мекард, гуфт, эҳтимолан чунин анъана вуҷуд дорад, аммо ин кор барои арҷгузорӣ ва посдошти хизматҳои меъморон як кори муассире хоҳад буд.
Председатель Комитета по языку и терминологии Олимджон Мухаммаджонзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.02.2021
Раиси Кумита сабаби тағйири номи қуллаҳо дар Помирро гуфт
“Дар Русия меъмороне буданд, ки ҳанӯз дар анҷоми асри 19 фаъолият доштанд, назири Шустев, Шехте ва дигарон. Аммо номи онҳо мондааст. Онҳоро ҳоло ҳам мешиносанд. Бигзор на дар ҳамаи биноҳо, балки биноҳои муҳим як навиштаҷот бошад ва дар он гуфта бошад, ки онро фалон меъмор сохтааст”, - гуфт Игор Лякин – Фролов. 
Худ китоби “Эҷодиёти меъморони Ленинград дар Душанбе” як талоши зинда нигаҳ доштани хотираи меъморонест, ки биДушанбе номноҳои таърихӣ ва муҳимтарини шаҳри Душанбе – пойтахти давлати Тоҷикистонро тарҳрезӣ кардаанд. Дар расми муаррифии ин китоб, ки дар бинои Иттиҳоди меъморони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, раҳбарону кормандони созмону ширкатҳои меъморӣ ва устодону донишҷӯёни факултаҳои меъмории донишгоҳҳои Тоҷикистон ширкат доштанд.

Меъморони Душанбе

Муаллифи китоб таърихнигор Ғафур Шерматов мегӯяд, дар солҳои 30 – юми асри гузашта, замоне, ки сохтмони муҳимтарин идорот ва марокизи фаррҳангиву илмии Тоҷикистон шуруъ шуданд, ҳукумати шаҳри Ленинград (ҳоло Санкт Петербург) сарпарастӣ ё ба истилоҳи замони шӯравӣ, шефигарии ҷумҳурии Тоҷикистонро ба зимма гирифт.
 Академик Рахим Масов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2021
Қуллаи шаш ҳазор метра дар Бадахшон ба номи академик Раҳим Масов гузошта шуд
"Ҳимояти меъморони Ленингарад то ҳудуди зиёде ояндаи меъморӣ ва шаҳрсозии Тоҷикистонро дар ҷумҳурӣ таъйин кардааст. Бо мушорикати фаъоли онҳо дар даҳаҳои 30-40 – и қарни гузашта буд, ки тавсеаи сареъи меъморӣ ва сохтмон дар Душанбеву соири шаҳрҳои ҷумҳурӣ оғозу идома ёфт. Дар ҳамон замон, меъморони Ленинград аввалин нақшаҳо ва нақшаҳои генералии шаҳру шаҳракҳои Тоҷикистонро эҷод карданд", - гуфт Ғафур Шерматов.
Дар китоби “Эҷодиёти меъморони Ленинград дар Душанбе” қиссаҳои 11 меъмор ва як муаҷассамасози ленинградӣ оварда мешавад, ки нақши дастони онҳо ҳамоно дар Душанбе ва дигар гӯшаву канори Тоҷикистон дида мешавад.
Пётр Ваулин, аввалин меъмори Душанбе буд, ки тарҳи биноҳои имрӯзаи вазорати адлияи Тоҷикистон, Театри сабз ва Хонаи матбуот дар шаҳри Душанберо кашида буд. Биноҳои Академияи улум, телевизиони “Сафина” ва Роҳи оҳан, ки ҳоло побарҷостанд, маҳсули тахаййулоти Сергей Кутин мебошанд.
Тарҳҳои Театри операву балет ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро Дмитрий Билибин кашидааст. Меъмори Биноҳои парлумон, собиқ Қасри президент (СеКа), вазорати молия, Бонки миллӣ ва Китобхонаи фирдавсӣ Стефан Анисимов будааст. 
Николай Баранов, муаллифи аввалин Генплани шаҳри Душанбе ва Всеволод Веселовский, муаллифи аввалин ва боз ду генплани дигари шаҳри Хуҷанд будаанд. Тарҳи биноҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мавсум ба “Ҷазира” дар Буни Ҳисорак низ маҳсули қалами ахирӣ аст.
Первый Русский культурно-просветительский центр соотечественников открылся в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2021
Ифтитоҳи нахустин Маркази фарҳангии Русия барои ҳамватанон дар Тоҷикистон
Муаллифи аввалин тарҳҳои биноҳои чору панҷ ва ҳам 8-ошёнаи Душанбе, Хонаи радио, Фурудгоҳи Душанбе ва ғайра Владимир Афанасев мебошад. Меъмори дигари ленинградӣ Эдуард Ерзовский муаллифи тарҳҳои бинои Осоишгоҳи Хоҷа Обигарм дар дараи Варзоб ва ҳам Кохи Ваҳдат дар Душанбе аст. 
Меҳмонхонаи Душанбе ва ҳам Сирки давлатӣ, ки ҳамоно як тарҳҳои нотакрор ба назар меоянд, аз сӯи Григорий Айзиковский эъмор шудаанд. Биноҳои Филармонияи давлатӣ, собиқ Иттифоқҳои касаба ва Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ба қалами Вил Шелухин мансубанд.
Константин Терлетский, меъмори дигари ленинградӣ, тарроҳи Чойхонаи “Роҳат”, Донишгоҳи политехникӣ ва Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе будааст.
Елена Татаринова, муҷассамасози маъруф, муаллифи пайкараи собиқи Садриддин Айнӣ, сутуни 25 – солагии Тоҷикистони Шӯравӣ ва ҳамон муҷассамаҳои бузургони адабиёти форсу тоҷик буд, ки имрӯз дар бинои собиқ Китобхонаи Фирдавсӣ, ҳоло Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дида мешаванд.

Кӣ мемонаду кӣ не?

Баҳром Юсупов, раиси Иттиҳоди меъморони Тоҷикистон, аз пешниҳоди сафири Русия дар Тоҷикистон истиқбол карда, гуфт, ин нукта дар қарори Шӯрои вазирони Тоҷикистон аз соли 1988 вуҷуд дошт, ки дар ҳар бино навиштаҷоте бо зикри номи меъмор ба масобаи як имзо гузошта шавад.
Ифтитоҳи Лавҳаи ёдгорӣ барои иштирокчиёни ҶБВ дар Қаратоғ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.12.2020
Ифтитоҳи Лавҳаи ёдгории сарбозони ҳалокшудаи ҶБВ дар Қаратоғ - гузориши аксӣ
“Дастур ин буд, ки номи меъморон - муаллифони проект, ҳатто аъзои тимҳои меъморӣ ва сохтмончиёни барҷаста дар асноди пазириши давлатро бинависанд. Ҳамчунин бо қарори шӯроҳои маҳаллӣ, аломатҳои ёдбуд (имзоҳо) дар иншоотҳои сохтмонӣ гузошта шаванд. Дар ин миён ин қарор аз ёдҳо рафт. Ҳоло мо бо иттифоқи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон як қарореро омода кардаем, ки ба наздикӣ тасвиб ва ин таҷриба аз сар гирифта хоҳад шуд”, - гуфт Баҳром Юсупов.
Дар ҳамин ҳол, дар пайи иҷрои нақшаи Генплани шаҳри Душанбе чанд сол ба ин сӯ биноҳои бозмонда аз даврони Шӯравӣ тахриб ва ба ҷои онҳо биноҳои нав сохта мешаванд, ки намунаи барҷастатарини онҳо бинои собиқ Қасри президенту Кумитаи марказии Ҳизби коммунист, бинои Театри Маяковский, чору панҷошёнаҳо ва ғайра дар маркази Душанбе аст.
Зоҳиран, аз ин Генплан маълум хоҳад шуд, ки аз маҳсули меъморони ленинградӣ дар шаҳри Душанбе чӣ хоҳад монд ё чӣ хоҳад намонд ва номи кадоме аз онҳо дар лавҳҳо навишта хоҳанд шуд ё нашуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала