Қарз барои анҷоми лоиҳа: Тоҷикистону БАТР созишномаи қарзӣ ба имзо расонданд

© Минфин РТПодпись кредитного соглашения между минфином РТ и ЕБРР
Подпись кредитного соглашения между минфином РТ и ЕБРР - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2021
Созишномаи қарзӣ байни Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) ба имзо расонида шуд
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Вазорати молияи Тоҷикистон Созишномаи қарзиро бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Созишномаи дастгирӣ байни мақомоти шаҳри Кӯлоб ва БАТР ва Созишномаи лоиҳавӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”, Корхонаи давлатии “Обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Кӯлоб” ва БАТР оид ба Лоиҳаи “Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб” ба имзо расонид, иттилоъ додааст дафтари матбуотии ин ниҳод.
Созишномаи қарзиро аз тарафи Тоҷикистон – Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва аз тарафи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Айтен Рустамова – Намояндаи доимии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон ба имзо расониданд. 
Деньги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.02.2021
“Қарз зиёд шуд, боз қарз мегирем”: қарзи хориҷии Тоҷикистон чӣ қадар аст?
Бино ба иттилои манбаъ, созишномаи дастгириро Раиси шаҳри Кӯлоб Абдуқодир Вализода ва аз тарафи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Айтен Рустамова – Намояндаи доимии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расониданд.
Инчунин созишномаи лоиҳавиро Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” – Ҷамшед Табарзода, Директори Корхонаи давлатии “Обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Кӯлоб” – Миралӣ Шарипов ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд низ ба имзо расониданд.
Гуфта шудааст, ки мақсади асосии лоиҳа сохтмон, барқарорсозии обанборҳои мавҷуда, беҳтаргардонии сифат, безараргардонии оби нӯшокӣ ва бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии шаҳри Кӯлоб ба ҳисоб меравад.
Арзиши умумии лоиҳаи мазкур 15,0 млн евроро ташкил дода, аз он маблағҳои қарзӣ дар ҳаҷми 7,5 млн евро аз ҳисоби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва маблағҳои грантӣ дар ҳаҷми 7,5 млн евро аз ҳисоби Иттиҳоди Аврупо ҷудо мегардад.
Инчунин барои омода намудани лоиҳаи мазкур ҷудо гардидани кумаки техникӣ дар ҳаҷми 1,35 млн евро пешбинӣ гардидааст.
Татбиқи лоиҳа аз аввали соли 2021 оғоз ёфта, анҷоми он соли 2024 ба нақша гирифта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала