Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Шуғнон: Сарбозон духтари 20-соларо, ки худро ба дарёи Панҷ андохт, наҷот доданд

© Sputnik / Владимир Вяткин / Гузаштан ба хазинаи аксПограничная с Афганистаном река Пяндж, архивное фото
Пограничная с Афганистаном река Пяндж, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2021
Сарбозони Дидбонгоҳи сарҳадии рақами 9-и деҳаи Тишори ҷамоати Поршинев духтари 20 -соларо аз марг наҷот доданд
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Ин ҳодиса рӯзи 3-юми март, шомгоҳ соати 18:15 дар Ҷамоати Поршиневи ноҳияи Шуғнон рух дод. Дар ин бора сухангӯи раиси ВМКБ Ғолиб Ниятбеков ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Бино ба гузориши манбаъ, духтари 20 - сола, ба қасди худкушӣ, худро ба қаъри дарёи Панҷ мепартояд.
"Сарбозони шуҷои Дидбонгоҳи сарҳадии рақами 9 деҳаи Тишори Ҷамоати Поршинев Исмонов Исмоил - сержанти хурди дидбонгоҳ, аз шаҳри Бохтар, Ҷумъаев Фазлиддин- сарбози қаторӣ аз ноҳияи Шаҳритус ва Юсуфбеков Анис -сарбози қаторӣ аз шаҳри Хоруғ ходисаро дида, зуд аз паи наҷоти шаҳрванд гардида, худро ба дарё меандозанд", - гуфт Ниятбеков.
Ҳамин тавр, сарбозон ҷони духтари ҷавонро аз марг наҷот медиҳанд.
Страны мира. Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2020
"Қаҳрамонанд": худкушии наврас ва марги 2 сарбоз дар талоши наҷот
Ин амал мардонагӣ ва инсондӯстии сарбозони ватанро нишон медиҳад, ки ба хатари ба ҷони онҳо таҳдидкунанда нигоҳ накарда, ҳаёти каси дигарро наҷот доданд ва ин кирдор боиси таҳсину офарини сарбозон, командирон ва волидайни онҳо мебошад.
Ёдовар мешавем, ки чунин ҳодиса соли гузашта дар маркази ноҳия Рушон -деҳаи Вомар низ рух дода буд.
Он замон дар натиҷаи кӯшиши наҷот додани ҳаёти шаҳрванд Давлатмамадов Нуралӣ Бахталиевич, мутаассифона сержанти хурд Ятимов Сироҷиддин Сангинович аз шаҳри Душанбе ва сарбози қаторӣ Воҳидов Қандилшо Искандарович аз вилояти Хатлон ҷони худро аз даст доданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба сарбозон, волидайн ва роҳбарияти сарҳадбонон миннатдории самимии худро баён намуда, ба аҳли оилаи сарбозоне, ки порсол дар роҳи мардонагӣ ҷони худро аз даст доданд, бори дигар изҳори тасалият ва ҳамдардиро баён менамояд.
Манбаъ афзуд, ки чунин амали родмардони Ватан ҳеҷ гоҳ аз хотираҳо пок нахоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала