Уфа 400 муҳоҷири тоҷикро бо кор таъмин мекунад

© Sputnik / Николай Попов Оргнабор трудовых мигрантов в Фергане для работы на российских стройках
Оргнабор трудовых мигрантов в Фергане для работы на российских стройках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2021
Обуна шудан
Бошқирдистон омода аст, ки ҳудуди 400 шаҳрванди Тоҷикистонро дар соҳаи сохтмон ва кишоварзӣ бо кор таъмин кунад
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Дар Бошқирдистон консули генералии Тоҷикистон дар Уфа Саид Давлат Эмом бо вазири меҳнат ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ Ленара Иванова мулоқот кард, хабар медиҳад вазорати меҳнат.
Намояндагони ширкати “Тех строй”-и шаҳри Маскав дар Суғд  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2021
Корфармоёни Русия ба суроғи муҳоҷирони тоҷик омаданд – акс
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо дар бораи ба кор таъмин шудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия ба мувофиқа расиданд ва инчунин ҳамаи масъалаҳои марбут ба убури марз ва гирифтани иҷозат барои ин ё он фаъолиятро баррасӣ карданд.
Агар қаблан бо квота ба кор омадан имконпазир мебуд, ҳоло ин санад кофӣ нест.
Тибқи муқаррароти нав, шароити корфармоён низ тағйир ёфт.
Вай афзуд, ки бо назардошти вазъи душвори эпидемиологӣ алгоритми ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ба иқтисоди Русия сохта шудааст.
Танҳо он шаҳрвандони хориҷӣ имконияти вуруд ба Русияро пайдо мекунанд, ки талабот ба ихтисоси онҳо зиёд аст.
Ба гуфтаи Иванова, имрӯз як ташкилот дар портали "Кор дар Русия" сабти ном шудааст, ки ният дорад 450 коргарро аз Тоҷикистон барои кор дар сохтмон ҷалб кунад.
Қайд карда шуд, ки талабот ба меҳнати муҳоҷирон махсусан дар соҳаҳои сохтмон ва кишоварзӣ зиёд аст.
Ғайр аз ин, дар ҷумҳурӣ барномаи кӯмак ба кӯчидани ихтиёрии ҳамватанони бурунмарзӣ (пересиления) амал мекунад.
Дар Ёқутистон кор барои муҳоҷирон дар 33 бахш маҳдуд шуд
Ҳамин тавр, аз соли 2018 ба Бошқирдистон қариб 300 ҳамватанон омадаанд, ки тақрибан 70% -и онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд ва зиёда аз 800 нафар донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои ҷумҳурӣ таҳсил мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0