Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Ҷаҳиши якбораи нархи бензин дар Тоҷикистон

© Sputnik (sputniktj_photo)Табло АЗС города Худжанд
Табло АЗС города Худжанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2021
Арзиши бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар Тоҷикистон тайи як рӯзи ахир якбора боз боло рафт
ДУШАНБЕ, 4 мар – Sputnik. Бино ба нархномае, ки ахиран ширкатҳои фурӯши сӯзишворӣ пешниҳод кардаанд, қимати бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар кишвар наздики 1 сомонӣ афзоиш ёфтааст.
Сотрудники милиции в Кыргызстане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2021
“Бензини қирғизӣ”: Қирғизистон ба марзҳои Тоҷикистон нерӯи низомӣ эъзом кардааст
Бар асоси нишондоди нуқтаҳои фуруши бензин барои 1 литр сӯзишвории навъи 92 дар Хуҷанду Душанбе 7 сомонию 80 дирам ва барои тамғаи 95 бошад 8 сомони 10 дирам медиҳанд.
Ях ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон дар Хуҷанд гуфт, бо ин нарх ҳам дар баъзе нуқтаҳо бензин камёфт шудааст.
Аммо дар Хоруғ бошад болотар барои як литр сӯзишвории навъи 92 беш аз 8 сонию 40 дирам медиҳанд.
Ин нишондод дар ҳолест, ки аз авали соли ҷорӣ, як литр бензин дар ҷумҳурӣ вобаста ба тамға ва минтақаи 5,80-6,90 сомонӣ арзиш дошт.
Як манбаи дигари Sputnik Тоҷикистон гуфт, болоравии нархи маводи сухт ин ба маҳдудияти воридот аз Қирғизистон аст.
"Ҳукумати Қирғизистон қарор қабул кард, ки маводи сухт ба хориҷа содир нашавад. Мақомти қудратии он кишвар дидбонгоҳҳоро сахт назорат мекунанд ва ҳамзамон ба шикори қочоқчиён пардохтаанд, ки на ҳар кас дар чунин вазъ тавакал мекунад".
Ба гуфтаи ӯ, тариқи қонунӣ ба кишвар аз Қирғизистон кам ворид мешуд, аммо аксар маводи сухт аз ин кишвар тариқи пинҳон ворид мегашт.
Болоравии нарх дар бозори нафт: то кай ин ҷараён идома меёбад
Раҳбари Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон қаблан дар бораи болоравии қиммати сузишворӣ гуфта буд, ки болоравии он ба Русия, ки воридкунандаи асосӣ аст, рабт дорад. Ба гуфти ӯ дар соли 2020 дар Русия 26 фисад боло рафта буд.
Ӯ гуфта буд, ки ширкатҳои фурӯши сӯзишворӣ барои беасос баланд кардани нарх ба маблағи 1,4 миллион сомонӣ ҷарима шуда буданд.
Заправка автомобиля на АЗС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2021
Ба Тоҷикистон дар соли гузашта 234 ҳазор тонна бензин ворид шуд
Бино ба қарори сарвазири Қирғизистон, мақомоти зидахли ин кишвар – шуруъ аз Хадамоти гумруку марзбонӣ то вазорати нақлиёту Хадамоти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии ин кишвар дастури қатъӣ гирифтаанд, ки аз ҳар гуна талош барои содироти ғайриқонунии нафту фаровардаҳои нафтӣ ҷилавгирӣ намоянд. 
Ин қарор аз рӯзи имзо шуданаш, яъне 3 марти соли равон, ба иҷро даромадааст.
Тибқи иттилои расмӣ, Қирғизистон бо саҳми 2,02% сеюмин кишвари воридкунандаи маҳсулоти нафтӣ пас аз Русия (78,43%) ва Қазиқистон (15,24%) ба бозори Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ин кишвар дар соли 2020 дар ҳаҷми 11 ҳазору 780, 93 тон маҳсулоти нафтӣ, аз қабили бензину сӯзишвории дизелӣ, ба маблағи 5 миллиону 333 ҳазору 248 доллар ворид кардааст.
Мавҷи нав: болоравии нархи нафт пешгӯӣ шуд
Дар Тоҷикистон маводи сӯхт аз хориҷа асосан аз Русия ворид карда мешавад. Бино ба иттилоъи расмӣ, соли гузашта ба кишвар 234 ҳазор тон бензин ва 298 ҳазор тон сӯзишвории дизелӣ ворид шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала