Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Тобути муҳоҷир: Прокуратураи генералӣ сабаби муроҷиаташ ба мақомоти Русияро гуфт

© Sputnik Амир ИсаевГенеральная прокуратура РТ, архивное фото
Генеральная прокуратура РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2021
Прокуратураи генералӣ дар пайи куштори як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ба мақомоти марбутаи он кишвар муроҷиат кардааст
ДУШАНБЕ, 4 мар – Sputnik. Тобути муҳоҷири тоҷик боиси муроҷиати Прокуратураи генералӣ ба мақомоти Русия шуд, гузориш медиҳад Прокуратураи генералии Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, ҳудудан як сол пеш, 25 майи соли 2020 аз Русия ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон, зодаи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд Қушмуродов Сардор Фуркатович 32-сола  бо аломатҳои марги маҷбурӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шуд.
"Аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолати ба марг расонидани Қушмуродов С.Ф. ва сабабҳои он ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани гунаҳкорон Прокуратураи генералии Русия дархост ирсол карда шуд", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.
Дар натиҷаи ба роҳ мондани ҳамкорӣ муайян карда шудааст, ки аз рӯи ин ҳодиса бо дастрасии қисми 4 моддаи 111 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия (қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки дар натиҷаи беэҳтиётй боиси марги ҷабрдида шудааст), парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Каримджон Ёров правозащитник - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2020
Ёров аз саҳми соҳибкори тоҷик дар интиқоли ҷасадҳо ва аввалин пешниҳоди худ гуфт
Бо гумони содир кардани ин ҷиноят шаҳрванд Худойбердиев Д.А. боздошт шудааст.
Дар ҷараёни тафтишот муайян карда шуд, ки Худойбердиев Д.А. дар натиҷаи муноқишаи бавуҷудомада, дидаю дониста бо корд ба шиками Кушмуродов С.Ф. як зарба задааст, ки охирон зарари ҷиддӣ ба саломатӣ бардошта, вафот кардааст.
 Бо ҳукми суди шаҳри Дмитрови вилояти Москва аз 04 сентябри соли 2020 Худойбердиев Д.А. дар содир кардани ин ҷиноят гунаҳгор дониста шуда, ба муҳлати 6 сол маҳрум сохтан аз озодӣ бо нигоҳ доштан дар колониям ислоҳии низомаш сахт маҳкум карда шудааст.
Аз духтарчаи 4-сола то марди 71-сола: 50 ҷасади интиқолёфта - кӣ буданду аз чӣ фавтиданд?
 "Аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як ҳодисаи бо аломатҳои марги маҷбурии шаҳрвандон дар хориҷа таҳти назорати махсус гирифта шуда, дар оянда низ тамоми чораҳои зарурӣ барои пешгирии чунин ҳодисаҳо андешида мешаванд", - таъкид кардааст прокуратураи генералии Тоҷикистон.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала