Аз Хушқадаму Акмалиддин то Сорбону Сомон: ёздаҳ варзишгари тоҷик ба Маскав мераванд

Паҳлавонони тоҷик ҳам дар самбои варзишӣ ва ҳам самбои размӣ ширкат мекунанд. Ин мусобиқа яке аз сабқатҳои пурнуфузи ин навъи варзиш дар ҷаҳон буда, чемпионати ҷаҳони ғайрирасмӣ номида мешавад
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Ёздаҳ варзишгари тоҷик дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳонии самбо дар Маскав иштирок мекунанд.
LIVE: Чемпионат мира по самбо 2019 года - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.02.2021
Шаш варзишкори тоҷик ба Исроил мераванд: киҳо?
25-26  март дар пойтихти Русия, ба ёдбуди асосгузори гӯштини самбо дар ҷаҳон Анатолий Харлампиев  мусобиқаи  Ҷоми ҷаҳонии самбо   баргузор мешавад, ки  дар он  11 самбочии тоҷик иштирок мекунанд, гузориш медиҳад "Ховар".
Паҳлавонони тоҷик ҳам дар самбои варзишӣ ва ҳам самбои размӣ ширкат мекунанд. Ин мусобиқа яке аз сабқатҳои пурнуфузи самбо дар ҷаҳон буда, чемпионати ҷаҳони ғайрирасмӣ номида мешавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин  мусобиқаи  сатҳи ҷаҳонӣ Хушқадам Хусравов, Акмалиддин Каримов, Зафар Олимшоев, Деваштич Убайдӣ, Сорбон Латифов, Сомон Сангов, Садр Боев, Рамазон Ҷумъев, Аҳтам Ҳусейнов, Меҳрубони Абдулҳақ ва Алхатаби Фирдавс намояндагӣ мекунанд.
Хотиррасон мешавем, ки соли 2020 ин сабқати пурнуфузи самбо бо сабаби  бемории коронавирус моҳи декабр баргузор шуд, ки варзишгарони тоҷик дар он 5 медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Омодагии муштзани мағлубнашудаи тоҷик Сангинов барои шикасти варзишкори амрикоӣ
Алимуҳаммад Алиев дар ду намуд – самбои варзишӣ ва самбои размӣ – дар вазни то 57 кило ду медали биринҷӣ ба даст овард. Медали дигари биринҷиро Деваштич Убайдӣ дар намуди самбои варзишӣ дар вазни то 74 кило соҳиб шуд.
Инчунин ду медали дигари биринҷиро Муҳиддин Муҳиддинов дар вазни то 68 кило ва Осмонбег Қуқаниев дар вазни беш аз 100 кило дар рақобатҳои самбои размӣ гирифтанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала