Таъиноти кадрӣ: Раҳмон масъулини Агентии стандартизатсияро ҷо ба ҷо кард

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2021
Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарорҳо раҳбарияти Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдоро барканору таъин кард
ДУШАНБЕ, 5 мар— Sputnik. Бо қарори дигари президенти Тоҷикистон директори телевизиони нав "Илм ва табиат" таъин шуд.
Ҳамин тавр, тибқи қарори раисиҷумҳур, Пирназарзода Диловар Маҳмадназар бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида ба ҷои ӯ Давлатзода Раҳмоншо таъин шуд.
Ҳамчунин Исмоилзода Баҳром Мансур аз вазифаи директори муассисаи давлатии таълимии "Литсей — интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон" озод шуд.
Ба ин вазифа Ғайратзода Лайло Диловар таъин гардид.
Раҳмон дар Вазорати энергетика ва "Барқи тоҷик" тағйироти кадрӣ гузаронд: кӣ рафту кӣ монд
Зимнан, Сафарзода Мансур Хӯҷавали муовини директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.
Исмоилзода Зинатуллоҳ Бурҳон бошад, директори муассисаи давлатии телевизиони "Илм ва табиат" таъин гардид.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала