https://sputnik-tj.com/20210305/Kumakpuli-baroi-oilaoi-kambizoati-Tojikiston-1032948283.html
Кумакпулӣ барои оилаҳои камбизоати Тоҷикистон: чанд сумӣ ва ба киҳо?
Кумакпулӣ барои оилаҳои камбизоати Тоҷикистон: чанд сумӣ ва ба киҳо?
Бонки ҷаҳонӣ барои хариди таҷҳизоти истеҳсолкунандаи кислород ва дастгирии иловагии гуруҳҳои ниёзманд 12,57 миллион доллар ҷудо кард 05.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-05T15:00+0500
2021-03-05T15:00+0500
2021-04-20T16:48+0500
вазорати тандурустӣ
ба ниёзмандон
ниёзмандон
кумак
бонки ҷаҳонӣ
дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо
иҷтимоъ
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdn1.img.sputnik.tj/img/102925/70/1029257089_0:131:2501:1537_1920x0_80_0_0_8726631533adf6bccbc360691b8b4fbf.jpg
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Кумакпулии яквақтаи иҷтимоӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ ба оилаҳои камбизоат, ки дар ҳайати худ кӯдакони то 7 сола ва кӯдакони маъюби то синни 18 доранд, инчунин ба хонаводаҳои камбизоат, ки кӯдакони аз 7 сола то синни 16 сола дошта, занҳо сарварии оиларо ба души худ гирифтаанд, расонида мешавад, хабар медиҳад Вазорати тандурустии Тоҷикистон.Бо ин мақсад ва барои хариди таҷҳизоти истеҳсолкунандаи кислород Бонки ҷаҳонӣ 12,57 миллион доллар ҷудо кардааст.Дар маҷмуъ, барои анҷом додани чорабиниҳои аввалиндараҷа барои пешгирӣ ва табобати бемории коронавируси нави COVID-19 - 11 феврали соли ҷорӣ аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ду созишномаи маблағгузории иловагӣ дар ҳаҷми 21,2 миллион доллари ИМА тасдиқ карда шуд.Аз ин ҳисоб 8,63 миллион доллар барои хариди ваксинаи зидди COVID-19 ва 12,57 миллион доллар барои хариди таҷҳизоти истеҳсолкунандаи кислород ва дастгирии иловагии гуруҳҳои ниёзманд равона карда шудааст.Сипосгузории Ҷамолиддин Абдуллозода аз Бонки ҷаҳонӣДар доираи ин маблағгузорӣ амалисозии чорабиниҳои зерин ба нақша гирифта шуданд: дар марҳилаи аввал тавассути механизми COVAX ба Тоҷикистон харид ва таҳвили вояи ваксинаи зидди бемории COVID-19 анҷом дода мешавад ва ба эмгузаронӣ (ваксинатсия) дар мадди аввал кормандони соҳаи тандурустӣ, ки хавфи баланди саломатӣ доранд, инчунин пиронсолон ва онҳое, ки аз бемориҳои музмини ғайрисироятӣ, аз ҷумла бемориҳои дилу рагҳо, диабети қанд азият мекашанд, фаро гирифта хоҳанд шуд.Инчунин, ба 15 беморхонаҳои аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобгардида харид ва таҳвили таҷҳизоти истеҳсолкунандаи кислород ва дигар маводҳои хароҷотии он дар назар дошта шудааст.
https://sputnik-tj.com/20201224/Bonki-Jahoni-guft-chiguna-pandemiyai-ba-iktisodi-Tajikistan-tasir-rasond-1032515943.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdn1.img.sputnik.tj/img/102925/70/1029257089_138:0:2361:1667_1920x0_80_0_0_b663ad0e57937e0d7e52a2f2cc54a0de.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
вазорати тандурустӣ, ба ниёзмандон, ниёзмандон, кумак, бонки ҷаҳонӣ, дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, иҷтимоъ
Кумакпулӣ барои оилаҳои камбизоати Тоҷикистон: чанд сумӣ ва ба киҳо?
15:00 05.03.2021 (Навсозишуда: 16:48 20.04.2021) Бонки ҷаҳонӣ барои хариди таҷҳизоти истеҳсолкунандаи кислород ва дастгирии иловагии гуруҳҳои ниёзманд 12,57 миллион доллар ҷудо кард
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Кумакпулии яквақтаи иҷтимоӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ ба оилаҳои камбизоат, ки дар ҳайати худ кӯдакони то 7 сола ва кӯдакони маъюби то синни 18 доранд, инчунин ба хонаводаҳои камбизоат, ки кӯдакони аз 7 сола то синни 16 сола дошта, занҳо сарварии оиларо ба души худ гирифтаанд, расонида мешавад, хабар медиҳад Вазорати тандурустии Тоҷикистон.
Бо ин мақсад ва барои хариди таҷҳизоти истеҳсолкунандаи кислород Бонки ҷаҳонӣ 12,57 миллион доллар ҷудо кардааст.
Дар маҷмуъ, барои анҷом додани чорабиниҳои аввалиндараҷа барои пешгирӣ ва табобати бемории коронавируси нави COVID-19 - 11 феврали соли ҷорӣ аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ду созишномаи маблағгузории иловагӣ дар ҳаҷми 21,2 миллион доллари ИМА тасдиқ карда шуд.
Аз ин ҳисоб 8,63 миллион доллар барои хариди ваксинаи зидди COVID-19 ва 12,57 миллион доллар барои хариди таҷҳизоти истеҳсолкунандаи кислород ва дастгирии иловагии гуруҳҳои ниёзманд равона карда шудааст.
Дар доираи ин маблағгузорӣ амалисозии чорабиниҳои зерин ба нақша гирифта шуданд: дар марҳилаи аввал тавассути механизми COVAX ба Тоҷикистон харид ва таҳвили вояи ваксинаи зидди бемории COVID-19 анҷом дода мешавад ва ба эмгузаронӣ (ваксинатсия) дар мадди аввал кормандони соҳаи тандурустӣ, ки хавфи баланди саломатӣ доранд, инчунин пиронсолон ва онҳое, ки аз бемориҳои музмини ғайрисироятӣ, аз ҷумла бемориҳои дилу рагҳо, диабети қанд азият мекашанд, фаро гирифта хоҳанд шуд.
Инчунин, ба 15 беморхонаҳои аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобгардида харид ва таҳвили таҷҳизоти истеҳсолкунандаи кислород ва дигар маводҳои хароҷотии он дар назар дошта шудааст.