Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Қоҳир Расулзода созишномаи генералиро имзо кард

© Sputnik / Sputnik / Максим БлиновПремьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода
Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2021
Созишномаи генералӣ принсипҳои асосии муносиботи иҷтимоӣ ва меҳнатиро муқаррар намуда, ба манфиати беш аз 2,5 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт кор мекунанд, дахл дорад
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Бо ширкати сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода байни Ҳукумати Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил ва Иттиҳодияи корфармоёни Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023 Созишномаи генералӣ ба имзо расонида шуд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.10.2019
Раҳмон: Иттифоқи касаба барои фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ бояд талош намояд
Дар Тоҷикистон барои таъмин намудани мутобиқати манфиатҳои кормандон, корфармоён ва мақомоти давлатӣ ҳамкории сетарафа ба роҳ монда шудааст.
Ҳамкорӣ бо мақсади ба танзим даровардани муносибатҳои меҳнатӣ бо ба имзо расонидани созишномаи генералӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ сурат мегирад, ки яке аз шаклҳои амалӣ намудани шарикии иҷтимоӣ маҳсуб меёбад.
Созишномаи генералӣ масъалаҳои мубрами рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба миён мегузорад, ки ҳалли онҳо тавассути ҷидду ҷаҳд ва саъю кўшиши Тарафҳои шарикии иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон-Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дорад.
"Ин санад принсипҳои асосии муносибатҳои иҷтимоӣ ва меҳнатиро муқаррар намуда, ба манфиатҳои беш аз 2,5 миллион шаҳрвандони мо, ки дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт кор мекунанд, мустақиман дахл дорад", - омадааст дар хабарнома.
Баъди имзо шудани Созишномаи генералӣ барои солҳои 2018-2020 байни вазорату идораҳо, корхонаҳои бузург, дигар ташкилоти соҳавӣ ва 17 кумитаи ҷумҳуриявии соҳавии иттифоқи касаба 58 созишномаи соҳавӣ баста шуд. Дар маҷмӯъ, 114 созишномаи соҳавӣ ва минтақавӣ дар миқёси ҷумҳурӣ имрӯз амалӣ шуда истодаанд.
Созишномаи навбатӣ даҳумин созишномаи генералӣ дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, мутобиқ ба Низомномаи тартиби таҳия ва бастани созишномаҳои генералӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар натиҷаи муколамаи иҷтимоии шарикони сетарафа таҳия гардидааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала